Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

аммо Колхаун дар хаёлоти рашкомези худ кирдори Луизаро тасаввур карданӣ шуда, ба ин ҳам умед баста наметавонист.

Колхаун, ки воқеаҳои рӯз ба зарари ӯ сурат гирифта буданд, бо ҳаяҷону изтироб ба сӯи сайргоҳ асп метозонд. Ӯ аз дарахте, ки ба нокусхона монанд буд, чашм наканда, изи манадаро кофта ёфт; акнун вай роҳро гум намекард. Фақат ҳамиин мемонд, ки бо изи худаш баргардад.

Ӯ аспашро резачорпо меронд — ва ин суръати гашт аз майлу хоҳиши аспи хастаи вай хеле тезтар буд. Фикрҳои тира савораро хадаҳа мекарданд. Зиёда аз як соат буд, ки онҳо комилан ӯро фаро гирифта буданд — қудурати онҳоро дар танҳоӣ, оромии муҳит боз ҳам бештар ҳис мекард. Ҳатто вохӯрӣ бо ду саворае, ки аз дур намоён гаштанд ва ҳамон сӯ мерафтанд, Колхаунро шод накарданд. Агарчи аз дур тахтапушти онҳо бинад ҳам, дарҳол онҳоро шинохт. Онҳо сабабгори фикру андешаҳои ғамангези ӯ буданд.

Ӯ барин онҳо бо изи модиёнҳои ваҳшӣ ба сайргоҳ бармегаштанд. Вақте ки Колхаун онҳоро дид, онҳо акнун ба изҳо баромада буданд. Онҳо паҳлӯ ба паҳлӯ мерафтанд. Зоҳиран, саргарми кадом як сӯҳбати ғалатӣ буданд, ки савораи тоқаеро, ки онҳоро дарёб кард, надида монданд.

Онҳо назар ба вай, гӯё чандон ҳадаҳаи ба назди ёропашон баргаштан набуданд ва оҳиста-оҳиста роҳ мепаймуданд; мустанги гули бодом дам ба дам суръати роҳгардиашро суст мекард.

Қиёфаи онҳо, беэътиноии ошкорони онҳо ба муҳит ва, инҳоят — таании онҳо, — ин ҳама ба андозаи гумону шубҳаи капитанро зиёд кард, ки вай қариб худдориро аз даст дода буд.

Аввалин фикри ба майнааш омадагӣ ҳамин буд, ки чорхез асп тозонда наздик шаваду дағалона сӯҳбати муҳаббатомези онҳоро бурад. Боз як маротиба аспи хастаю кӯфтаи худро маҷбур сохт, ки тезтар тозад.

Аммо пас аз чанд сония Колхаун гӯё қарорро тағйир дода бошад, лаҷоми аспро кашид. Агарчи капитан акнун тахминан ҳамагӣ дусад ярд аз онҳо дуртар бошад ҳам, садои суми аспаш ба гӯши онҳо нарасид. Вай акнун овози чарангосии духтари тагояшро мешунид, ки зоҳиран, аз ҳамсӯҳбаташ дида зиёдтар гап мезад. Модоме, ки онҳо ҳатто наздикшавии ӯро надиданд, ин сӯҳбат бароишон ниҳоят шавқовар буд!

Кошки дар бораи чӣ гап задании онҳоро понда гӯш карда

пешина
аз 509
навбатӣ