Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
мекунанд. Аҳвол бад: худи плантатор низ ҳамин тавр фикр мекунад. Чӣ тавре ки пеш тахмин карда буд, умедашро канд, ки то шом фаромадан ба манзил рафта мерасад.
Аммо ин ҳоло дарди бахайр. Кӣ медонад, ки чӣ гуна душвориҳо онҳоро дар пеш аст? Дашти сӯхта пур аз ҳодиса аст. Шояд, шабро дар ҳамин ҷо рӯз кунанд ва барои нӯшидани чиз-чизҳо аз ҳеҷ куҷо об пайдо карда натавонанд. Ва шояд, боз чанд шаби дигар дар ҳамин ҷо бимонанд?
Вале роҳро чӣ тавр ёбанд? Офтоб ба сӯи ғарб майл намудан мегирад ва бо вуҷуди хеле баланд буданаш муайян кардан душвор аст, ки ба кадом тараф ҳаракат мекунад; вале чанде пас муайян намудан мумкин буд, ки мамлакатҳои дунё дар куҷо воқеъ гардидаанд.
Аммо аз ин чӣ нафъ? Ҳатто дар куҷо воқеъ гардидани шарқ, ғарб, шимол ва ҷанубро донанд ҳам, аз ин ҳеҷ чиз тағйир намеёбад — онҳо самтро гум карда буданд!
Колҳаун акнун бомулоҳизатар шуда буд. Ӯ акнун даъвои роҳбаладӣ намекунад. Пас аз ин гуна бадиқболии нанговар ӯ ба ин ҷуръат наменамояд.
Онҳо тахмин даҳ дақиқа машварат мекунанд, аммо ягон кас нақшаи оқилонаи амалиётро пешниҳод карда наметавонад. Ягон кас намедонад, ки аз ин дашти сиёҳ, ки на фақат рӯи офтоб ва осмон, балки қиёфаи одамони ба ҳудуди он афтидаро бо пардаи сиёҳ печонида гирифтааст, чӣ илож намуда баромад.
Дар баландии осмон селаи қарғаҳои сиёҳ намоён шуд. Онҳо то рафт наздик меоянд. Баъзеашон ба замин мефуроянд, як қисмашон дар болои сари мусофирони роҳгумкарда чарх мезананд. Дар рафтори даррандагон ким-чӣ чизи шумхабарона ҳаст.
Боз даҳ дақиқаи азияттовар гузашт. Ва нохост ба одамон рӯҳу қувват баргашт: онҳо савораеро диданд, ки рост ба тарафи корвон асп тозонда меомад.
Чӣ гуна хурсандии ғайричашмдошт! Кӣ гумон карда метавонист, ки дар ин хел ҷой одамро дучор омадан мумкин аст! Аз нав дар чашми мусофирон нури умед дурахшон гардид — онҳо дар шахси савораи наздикшудаистода наҷотбахши худро мебинанд.
— Охир ӯ ба назди мо меояд, ҳамту не? — ба чашми худ бовар накарда пурсид плантатор.
— Ҳа, дада, ӯ рост ба назди мо меояд, — ҷавоб дод Генри ба фарёд задан оғоз карда, кулоҳашро баланд бар болои сар чарх мезанонид, ки диққати савораро ҷалб намояд.
Вале чӣ зиёдати буд — савора бе ин ҳам корвони истодаро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё