Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ки изи чилу чор чархи ба онҳо рафта истодагӣ паи чархҳои карета ва даҳ фургоне мебошад, ки ҳоло аз қафои ӯ меоянд ва ҳамроҳи онҳо аз халиҷи Матагорд то ин ҷо роҳ тай кардааст, дар чеҳраи вай ноумедии бепоён акс меандозад.

Боби II

ИЗИ ЛАССО1

Дигар ҳеҷ шубҳа намонда буд, ки фургонҳои Вудли Пойндекстер ба изи чархҳои худ мерафтанд.

— Изҳои худамон! — ғур-ғур карда гуфт Колҳаун; ӯ инро кашф намуда, лаҷоми аспашро кашид ва ба лаънату нафрин сар кард.

— Изҳои худамон? Бо ин гапат чӣ гуфтан мехоҳӣ, Кассӣ? Наход мо...

— ... ба изҳои худамон рафта истодаем. Бале, ман ҳам маҳз ҳаминро гуфтанӣ ҳастам. Мо давр зада-давр зада, ба ҳамон ҷои пештараамон омадаем. Нигоҳ кунед: ана суми ақиби аспи ман — нақши нисфи наъл, ана ин изи зангиҳо. Акнун ҷойро ҳам шинохтам. Ин ҳамон тале, ки пас аз охирин дамгирӣ аз он фуромада будем. Қорамон омад накард — ба бекорагиаш қариб ду миль роҳ тай кардем!

Акнун дар чеҳраи Колҳаун на фақат саросемагӣ дида мешуд, балки дар он сӯзу ҳасрати аламовар ва шарму ҳаё низ намоён буд. Бо айби вай корвон роҳбалади ҳақиқӣ надошт. Роҳбаладе, ки дар Индианола киро карда буданд, то истгоҳи охирин онҳоро мушоят кард; дар он ҷо ӯ бо капитани ҳавобаланд мупокиша карда, ҳисобу китоб карда гашта рафт.

Ин ҳама, инчунин худбоварии беандозае, ки ӯ роҳбаладии корвонро ба зиммаи худ гирифт, акнун хоҳарзодаи плантаторро маҷбур менамояд, ки шарму ҳаёи пуразният ҳис кунад. Вақте ки карета наздик меояд ва чашмони зебо саросемагии ӯро мебинанд, тамоман афсурдахотир мегардад.

Пойндекстер дигар савол намедиҳад. Акнун ба ҳама маълум, ки онҳо роҳро гум кардаанд. Ҳатто пиёдаҳои пойлуч изи пои худро шинохтанд ва фаҳмиданд, ки маротибаи дуюм аз ин ҷойҳо гузашта мераванд.

Корвон боз истод; савораҳо бо ҳаяҷон байни худ машварат

1 Лассо — каманд.

пешина
аз 509
навбатӣ