Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Не, мексикӣ ва дар Рио-Гранде зиндагӣ мекунад. Баъзан ба ҷойҳои мо ба Леона меояд: хешу табораш дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунанд.

— Ӯ ҷавон аст?

— Ҳа, тахминан ҳамсинни шумо, мисс Пойндекстер.

— Қадаш баланд?

— Аз шумо камтар паст.

— Аммо, албатта, аз ман хеле хушрӯйтар будагист? Ба шунидам, духтарони мексикӣ дар ҳусну ҷамол аз мо, американдухтарони оддӣ хеле зеботаранд.

— Ба фикри ман креолдухтарон ба ин ҷумла дохил намешаванд, — бо хушмуомилагии зарифона ҷавоб дод ҷавони ирландӣ.

— Аҷиб, ман лассопартоиро ёд мегирифта бошам ё не? — ба гапаш давом намуд креолдухтари ҷавон, ки гӯё таърифро нашӯлида буд. — Дер нашудааст агар ман ба ин кор шӯғл варзам? Ба шунидам, мексикоиҳо аз бачагӣ ба ин кор шӯрӯъ мекунанд, бинобар ҳамин ба чунин дараҷаи ҳайратовари чолокӣ мерасанд.

— Албатта, дер нашудааст, — дар додани ҷавоб аҷала кард Морис. — Як сол-ду сол ки гузашт, шумо ба лассопартоӣ усто шуда меравед. Ман, масалан, ҳамагӣ се сол боз ба ин кор машғул мебошавам ва...

Морис хомӯш гардид, зеро вай намехост ба назар лофӣ намояд.

— Акнун шумо дар Техас беҳтар аз ҳама лассо мепартоед? — фикри то охир гуфта нашударо пай бурда, хулоса кард духтар.

— Не-не! — хандакунон эътироз намуд вай. — Пирамард. Зеб ҳамин тавр мешуморад, ӯ доир ба санъати ман қазоват карда, зоҳиран, аз рӯи ҳунари худаш ба ҳунари ман баҳо медиҳад.

«Чӣ ин — хоксорӣ бошад?» — ҳайрон монд креолдухтар. — Ё ин одам маро масхара мекунад? Агар ин ҳамин тавр бошад, ман аз ақл бегона мешудам».

— Эҳтимол, шумо ба назди дӯстонатон гашта рафтан хоҳед? — ин парешонҳолии ӯро дида гуфт Морис. — Шояд, падаратон хавотир шуда бошанд, ки ин қадар дер кардед. Додаратон, аммабачаатон...*

— Ҳа, гапатон дуруст, — шитобон ҷавоб дод ӯ, ки дар тарзи гуфтораш на ба озор, на ба ноумедӣ монанд оҳанге садо дод. — Ман дар ин бора фикр накардам. Ташаккур, сэр, ки шумо вазифахон маро ба ёдам овардед. Вақти гашта рафтан шуд.

Онҳо боз ҷаста ба аспҳо савор шуданд. Луиза дили нохоҳам

пешина
аз 509
навбатӣ