Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

мекард ва бо ду болӣ ба ду тараф рафтааш дур ба дашт кашпда шуда, гӯё киферо ташкил медод, ки дар гарданаи он дарбоза воқеъ гардида буд; вақте ки пеши онро бо ходаҳо мебастанд, аспон на даромада метавонистанд, на баромада.

— Ин чӣ? — ба чиӣ нишон дода пурсид духтар.

— Ин дом барои мустангҳо, — гуфт Морис.

— Дом барои мустангҳо?

— Дом барои шикори аспони ваҳшӣ. Онҳо дар миёни болҳои чиғ, чи тавре ки мебинед, ба дашт ба дур даромада рафтаанд, гашту гузор мекунанд. Онҳо барои обхӯрӣ меоянд ё худ мустангерҳо онҳоро ҳай карда ба ин ҷо медароранд. Дар он сурат роҳи даромади дом баста мешавад ва ба воситаи лассо дастгир кардани онҳо осон мегардад.

— Ҳайвонҳои бечора! Ин дом аз они шумо? Охир шумо мустангер-ку? Шумо ба мо ҳамин тавр гуфтед?

— Ҳа, ман мустангер, вале ин усули шикори ман не. Ман танҳо буданро дӯст медорам ва аҳён-аҳён бо мустангерҳои дигар ҳамроҳ шуда кор мекунам, бинобар ҳамин ман домро, ки барои ин қамаш бист ҳайкунанда лозим аст, истифода бурда наметавонам. Аслиҳан ман, агар онро ҳамин тавр номидан ҷоиз бошад, — ана ин лассо аст.

— Шумо онро чунон моҳирона кор мефармоед! Ман инро аз дигарон шунидам ва худам дидам.

— Лутфи шумо зиёд. Аммо ман ба ин таъриф шоиста нестам. Дар дашт мексикоиҳое ҳастанд, ки гӯё лассо дар даст ба дунё омадаанд. Ва он чи ки шумо маҳорат меномед, ба назари онҳо бедасту панҷагӣ менамояд.

— Ба назарам, мистер Чералд, шумо аз хоксориатон ба рақибони худ барзиёд баҳо медиҳед. Ман тамоман дигар хел шунида будам.

— Аз кӣ?

— Аз дӯстатон мистер Зебулон Стумп!

— Ха-ҳа! Вақте ки масъала ба лассо дахл кунад, ба гапи Зеби пир кам эътибор диҳед.

— Ман ҳам мехостам лассопартонро ёд гирам, — гуфт креолдухтари ҷавон, — аммо мегӯянд, ки ин машғулият барои духтар аз одоб берун мебошад. Намефаҳмам, чӣ ҷои гандагӣ дорад, ин ҷупон кори шавқангез ки мондан гиред!

— Аз одоб берун? Ин ҳам мисли конкисаворӣ ё аз камон тир паррондан як навъ спорти безарар мебошад. Ман як духтарро мешиносам, ки ин санъатро бисёр нағз медонад.

— Вай американӣ?

пешина
аз 509
навбатӣ