Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
хам шуда лаҷомро ба даст гирифт, оҳистамоҳу пойҳоишро ба узангу гузаронд; ба назар чунин менамуд, ки вай боз ками дигар дар доми мустангҳо истодан мехост.
Чун онҳо ба дашт баромаданд, Морис ҳамроҳи ҳамсафараш бо кӯтоҳтарин роҳ ба сӯи сайргоҳ раҳсипор гардид.
Роҳи бозгашташон аз ҷои хушманзаре воқеъ гардида буд, ки дар Техас ҳамчун «дашти алафи бегона» ном бароварда буд. Кашфётчиён — муҳоҷирон, ки фонди луғавии онҳо бо латофату нафосати махсус мумтозӣ надошт, ба он ҳамчун тавр ном ипхода буданд.
Зодаи Луизиана дар атрофи худ чаманистони азимеро дид, ки гулҳо дар он ранги ба ранг шукуфта буданд — чаманистонеро дид, ки бо гунбази лоҷувардии фалак ҳамҳудуд буда, табиат худаш шипонида, худаш парвариш карда буд.
Ин ҷои хушманзар ба бисёр касон, ҳатто ба касони оддитарин ҳам таъсири шарофатмандона мебахшид. Ман дидаам, ки чӣ тавр сайёди бесавод, ки одатан ҳеҷ гуна зебоиро пайхас намекунад, дар миёнаи дашти бегонаалаф, дар миёнаи гулҳо, ки то сари синааш мезаданд, меистод ва ба тоҷгулҳои зебо, ки дар фазои бекарон мавҷ мезаданд, дуру дароз истода, тамошо мекард: ва боз ҳам хайрхоҳтар мегардид...
— Чӣ хел ҷон зебо! — аз шавку завқ хитоб намуд креолдухтар ва бо ҳаракати беихтиёрона аспро нигоҳ дошт.
— Ин ҷо ба шумо маъқул, мисс Пойдекстер?
— Маъқул? Маъқул ҳам гап-мӣ, сэр. Ҳар чӣ ки дар табиат ниҳоят зебо ва дилангез аст, дар пеши назар мебинам: алафи сабз, дарахт, гул — ҳама он чӣ ки мо бо ҳазор заҳмат парвариш мекунем ва ба ҳар ҳол ҳеҷ гоҳ ба ин дараҷа расида наметавонем. Ба ин ҳеҷ чиз илова кардан мумкин нест — ин чаманистони комил аст!
— Дар ин ҷо хонаҳо камӣ мекунанд.
— Он гоҳ онҳо манзараро вайрон мекарданд. Ба ман ҳаминаш маъқул, вақте ки хонаҳо ва бомҳои сафолпӯш наменамоянд ва дудбароҳо дар байни тарҳи зебои дарахтон рост-рост намеистанд. Ман мехостам дар зери чатри онҳо зиндагӣ кунам, ман мехостам дар зери чатри онҳо...
Суханони «дӯст дорам» ки дар фикру хаёлаш чарх мезаданд, тайёр буданд, аз даҳонаш бароянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё