Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
болои оббурда ҷаҳида мегузарем. Агар натавонем, ҳамроҳ гарданамонро мешиканем... Хӯш, зебояки ман! Меҷаҳем! Ана ҳамон касе ки туро сайд кард, дастгир намуда мутеъ сохт. Ба ӯ нишон деҳ, ки ҳанӯз тамоман туро ба қайди асорат надаровардаанд, агар юги дӯстӣ ё душманиро аз гардани худ партофтан лозим бошад, ту ин корро карда метавонӣ. Яке аз ҳамон ҷаҳишҳоеро, ки мо ҳафтаи охир ҳар замон такрор мекардем, ба вай нишон деҳ. Канӣ, азизам, ҷаҳидем!
Ва креолдухтари диловар маътали ибрати рӯҳбахшу далеркунанда нашуда, ҷасурона асп тозонда ба канори оббурда расид ва бо як ҷаҳише, ки «ҳафтаи охир ӯ бо Қамар машқ мекарданд», аз он гузашт.
Вақте, ки мустангер ба ин ҷаҳиш муоина мекард, се фикр — дурусттараш се эҳсос дошт. Яке аз онҳо — тааҷҷуб, дуюмаш — тандиҳӣ, сеюмашро муайян кардан чандон кори осон набуд. Ӯ вақте пайдо шуда буд, ки суханони: «Мустанги ман барои ман хеле азиз аст», ифода ёфта буданд.
«Чаро?» — вақте ки ӯ савори турук аз оббурда меҷаҳид, фикр кард ӯ.
Вале, бо вуҷуди монеаро бомуваффақият бартараф карданашон, ин гарави бехатарии гурезаҳо набуд. Оббурда пеши роҳи айгирҳои ваҳширо гирифта наметавонист. Морис инро нағз медонист ва дам ба дам ба ақиб менигарист, ки ин изтироби ӯ аз пештара камтар набуд.
Шояд, ҳаяҷонаш дучанд гардида буд. Таъхир, агарчи хеле кам бошад ҳам, ба таъқибкунандагони онҳо бартарӣ медод. Дар ҳамаи муддати дунболгирӣ айгирҳо ягон бор ин қадар наздик наомада буданд. Онҳо бе ҳеҷ гуна таъхир аз оббурда дилпурона часта мегузаранд.
Пас чӣ? Мустангер ба худ ин саволро дод ва ба он ҷавоб наёфта, ранги рӯяш парид.
Мустангер монеаро гузашта, сонияе наистода, бо суръати тамоман асп медавонд; пештара барин аз қафо наздик ба вай, духтар асп монда меомад. Аммо дар ҳаракатҳои ҷавоши ирландии он дилпурии пештара набуд — ба назар чунин менамуд, ки вай дудила мебошад ва ба ягон қарор омада наметавонад.
Аз оббурда дур шудан ҳамон Морис лаҷомро кашид ва гӯё гашта ба қафо тохтанӣ бошад, сари аспро гардонд.
— Мисс Пойиндекстер, — гуфт вай ба ҳамроҳаш, ки аллакай ба ӯ баробар шуда буд, — якка равед.
— Барои чӣ, сэр? — лаҷомро кашида ва якбора мустангро нигоҳ дошта пурсид вай.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё