Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Агар мо аз ҳамдигар ҷудо нашавем, айғирҳо моро дарёб мекунанд. Барои нигоҳ доштани галаи девона гашта, ягон чора андешидан лозим. Ҳозир боз як имконияти дигар ҳаст. Аз барои худо, савол надиҳед! Даҳ сония ки гузашт, кор аз кор мегузарад. Ба пеш нигоҳ кунед — сатҳи дурахшони обро мебинед? Ин толоб. Рост ба ҳамон ҷо асп монда равед. Дар он ҷо ду чиғи баланд ҳаст. Онҳо дар назди толор бо ҳам мепайванданд. Шумо дарвозае ва дар наздуш ходаҳои бисёреро мебинед. Агар ман дар вақташ расида рафта натавонам, аз асп фуровед ва пеши даромадгоҳро бо ходаҳо банд кунед.
— Шумо чӣ, сэр? Шуморо хатари калон...
— Аз ваҷҳи ман парво накунед. Ман худам танҳо аз ҳеҷ чиз наметарсам. Агар мустанги гули бодом намебуд... Тезтар, ба пеш! Толобро аз пеши назар дур накунед. Бигузор ҳамчун роҳнамо ба шумо хизмат кунад. Аз хотир набароварда дари кураро маҳкам кунед. Тезтар бошед! Тезтар!

Духтар як-ду сония дудила шуда истод, ӯ ҷуръат наменамуд аз одаме, ки баҳри наҷоти вай ба додани ҷонаш тайёр буд, ҷудо шавад.
Хушбахтона, вай аз қабили он духтарони беҷуръате набуд, ки дар лаҳзаи мушкил ақл гум карда, наҷотдиҳандаи худро кашида ба қаър мебаранд. Ӯ ба маслиҳатгари худ боварӣ дошт, боварӣ дошт, ки вай чӣ кор карданашро медонад ва аз нав аспро чорнаҷл давонида, роҳи толобро пеш гирифт.
Морис бошад сари аспро гардонида, ба ақиб ба лаби оббурда, ки навакак аз боло он ҷаста гузашта буданд, тозонд.
Мустангер аз ҳамсафари худ ҷудо шуда, аз хӯрчин аслиҳаи мукаммалтаринеро баровард, ки ҳеҷ гоҳ муқобили бошандагони дашт — баҳри ҳуҷум ё муҳофиза, — ба муқобили ҳиндуҳо, бизонҳо ё хирсҳо бардошта нашуда буд. Ин таппончаи шаштираи системаи полковник Кольт буд. Ин кадом як аслиҳаи калбакии беарзише набуд, ки фирмаи Дин, Адамс ва дигар фирмаҳои ба онҳо монанд бо баҳонаи зери парда такмилдодашуда истеҳсол мекунанд, балки маҳсулоти ҳақиқии «мамлакати чормағзи мускат»1 буд, ки дар қисми давлатнаш тамғаи «Хартфорд» дошт.
— Онҳо аз ҳамон ҷои танги мо гузастагӣ ҷаста мегуза-

1 Дар Америка «Мамлакати чормағзҳои мускат» штати Коннектикут-ро меноманд, ки дар он ҷо дар шаҳри Хартфорд заводи аслиҳабарорӣ воқеъ гардидааст.

пешина
аз 509
навбатӣ