Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Бесавора ва саворадор шурӯъ гардид.
— Бешубҳа, — дилпурона ҷавоб дод Луиза.
— Вале шумо худро дар болои вай нигоҳ дошта метавонед?
— Ҳа-ҳа-ҳа! — истеҳзоомез ханда кард креолдухтар. — Барои марди ирландӣ ин саволи хеле ғалатӣ. Ман боварӣ дорам, ки занони ҳамватанатон ин суханонро таҳқир мешумурданд. Ҳатто ман, ки зодгоҳам Луизианаи серботлоқ аст, ин суханонро чандон боназокат намешуморам. Худамро нигоҳ дошта метавонам ё не? Бале, ба ҳар ҷое, ки маро кашида набарад, ман худамро дар болояш нигоҳ дошта метавонам!
— Аммо, мисс Пойндекстер, — ҳанӯз ба зӯру қуввати мустанги гули бодом бовар накарда, ғур-ғур намуд Морис, — раваду ҷаста гузашта натавонад? Агар саҳл ба вай шубҳа дошта бошед, оё нағз намешавад, ки ӯро дар ҳамин ҷо монда равем? Ман медонам, ки аспи ман бо осонӣ ҳардуи моро ба он тараф мегузаронад. Мустангро қурбон карда, шояд, мо аз таъқиби минбаъда халос шавем. Айгирҳои ваҳшӣ...
— Қамарро монда рафтан! Партофта равем ки айгирҳои ваҳшӣ ӯро пора-пора кунанд! Не-не, мистер Чералд! Мустанги ман барои ам хеле азиз аст. Агар метавониста бошем ҳамроҳ аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё