Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Мусобиқаи тездавӣ байни аспони

— Ҳозир мебинед. Мо аз он ҷо дур нестем.
Ва онҳо паҳлӯ ба паҳлӯ бо суръат асп тозонда мерафтанд ва масофаи ҳар як миҷро қариб дар як дақиқа тай мекарданд.

Чӣ тавре ки мустангер гуфта буд, ба зудӣ онҳо монеаро диданд. Ин оббурдаи калоне буд, ки дар миёни дашти бекарон даҳон во карда меистод. Ба васеи қариб поёнздаҳ фут, ҳамон қадар чуқур буд ва ба андозаи чашмрас ба ду тараф кашол меёфт.

Агар савораҳо сари аспонро ба тарафи рост ё чап мегардониданд, ин ба айғирҳо имкон медод, ки роҳро мувофиқи диогонал кӯтоҳ кунанд; додани ин имконият ба онҳо ба худкушӣ баробар буд.

Ҳатман оббурдаро ҷаҳида гузаштан лозим буд, набошад мустангҳо ба онҳо расида мегирифтанд. Танҳо ба дарозии понздаҳ фут ҷастан гурезаҳоро наҷот медод. Морис медонист, ки турук аз ӯҳдааш мебарояд — ӯ аз ин хел ҷойҳо чандин маротиба ҷаста гузашта буд. Лекин модвёни гули бодом чӣ?

— Чӣ фикр мекунед, вай ин монеаро паси сар карда метавонад? — вақте ки онҳо ба канори сарозэри оббурда расиданд, бо изтироб пурсид мустангер.

пешина
аз 509
навбатӣ