Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале ҳоҷати гап задан набуд. Рафтори айгирҳо ба қадри кифоя бо таъкид нишон медод, ки фақат чаққонӣ метавонад мустанги гули бодом ва савораашро наҷот диҳад.

Айгирҳои ваҳшӣ тозон ба ҷои васеъ баромада ва аспони зиндаро дида, нохост занозанӣ худро бас карданд. Онҳо, гӯё бо фармони сардори пуртаҷриба дар ҷои худ истода, мисли отряди савора, ки дар айни авчу шиддати ҳамла нигоҳ дошта шудааст, як саф қатор шуданд.

Гӯё онҳо ба душмани умумӣ ҳамла оварданӣ ё ба хатари умумӣ муқобилат карданӣ буданд, ки як муддат кинаю нафрати дутарафаро фаромӯш карданд.

Эҳтимол, тааҷҷуб боиси бозистӣ гардид; вале, ҳар чи хеле ки набошад, он ба нафъи гурезаҳо буд. Дар зарфи ин якчанд сония саворон муваффақ гардиданд, ки аз паҳлӯи душман гузашта, худро дар ақибгоҳи вай, дар роҳи наҷот бубинанд.

Аммо фақат дар роҳи наҷот буданд. Оё аз чанголи таъқибкунандагон гурехта халос шуда метавонанд ё не, ин ба онҳо номаълум буд, чунки айгирҳои ваҳшӣ найранги онҳоро дида, бо мақсади расида гирифтан фирик-фириккунон ва шиҳакашон аз паси онҳо тохтанд.

Дунболгирии босуръати доштанашаванда, мусобиқан бебоконаи тездавӣ байни аспони бесавора ва саворадор аз миёни фазои дашт шурӯъ гардид.

Вақт-вақт Морис гашта нигоҳ мекард ва, агарчи масофаи дар аввал бурд кардаашон кам нашавад ҳам, пештара барин ошуфта буд. Агар худаш танҳо мебуд, дақиқае ҳам бесаранчом намешуд. Ӯ медонист, ки турук — охир вай ҳам мустанг буд — ягон аспро аз худ пеш гузаштан намемонад. Бадии кор дар он буд, ки Қамар суръатро суст кард — ӯ гӯё аз таъқибкунандагон наҷот ёфтан нахоста, аз ҳар ваққта дида оҳистатар метохт.

«Ба ӯ чӣ шуд? — лаҷоми аспро кашида тааҷҷуб мекард мустангер, то ки аз ҳамсафари худ пеш нагузарад. — Агар дар вақти аз оббурда чахида гузаштан ягон чиз монеъ шавад, мо ҳалок мегардем. Ҳар як сония ғанимат мебошад».

— Онҳо ҳозир моро дарёфт карда наметавонанд, ҳамту не? — вақте дид, ки мустангер ошуфтаҳол мебошад, пурсид Луиза.

— Ҳоло не. Бадбахтона, дар пеш монеаи калоне ҳаст. Ман медонам, ки шумо човандози нағз мебошед, аммо аспи шумо... Аз вай дилам пур нест. Шумо ӯро нағзтар медонед. Оё чаҳида метавониста бошад...

— Аз болои чӣ, сэр?

пешина
аз 509
навбатӣ