Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
ҳикоят иборат аст ва он бо фасли “Мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид” оғоз ёфта, бо фасли “Саёҳати махдумони сохта” ба анҷом мерасад.
Садриддин тирамоҳи соли 1891 ба хизмати Шарифҷонмахдуми Садри Зиё медарояд ва ин хизматгорӣ як сол давом мекунад. Садриддин аз ҷамъомадҳои адабие, ки ҳар ҳафта шабҳои сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе дар ҳавлии хӯҷаинаш баргузор мегардид, баҳра мебардошт ва ба Мулло Назруллои Лутфӣ, Абдулмаҷиди Зуфунун, Яҳёхоҷа, Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Ҳомидбеки Ҳомид, Абдуллохоҷаи Таҳсин, мулло Бурҳони Муштоқӣ, қорӣ Абдулкарими Офарин, Мирзо Азими Сомии Бӯстонӣ, Мулло Раҳмати сартарош, Азизхоҷаи Азиз барин шоир ва суханварон шинос мешуд. Ба ин муносибат, Айнӣ оид ба зиндагӣ ва эҷодиёти адибони номбурда мухтасар маълумот дода, хонандаи имрӯзро ба ҳаёти адабии Бухорои охири асри XIX ва ибтидои асри XX як андоза, шинос менамояд. Маълумоти С.Айнӣ дар бораи суханвару донишмандон сарчашмаи адабии ҷолиб ва пурмӯҳтаво буда бо далелҳои мӯътамад асоснок гардидааст. Масалан, дар бораи Абдулмаҷиди Зуфунун чунин омадааст: “Дар нуҷум аз шогирдони Аҳмади Дониш буда, дар шеър ва адабиёт ва дар фанҳои расмии мадрасаҳои Бухоро низ маҳорат дошт. Азбаски ӯ фанҳо ва илмҳои гуногунро медонист, ҳамзамононаш ба ӯ “Зуфунун” лақаб дода буданд, ки “соҳиби фанҳо” гуфтан аст”. Ё худ мувофиқи маълумоти Айнӣ Яҳёхоҷа ҳаҷвнигори бомаҳорат мебошад ва бисёр норасоӣ ва ноадолатиҳои даврро зарифона ошкор месозад. Ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ дар бораи қорӣ Самеъ, қозӣ Бадриддин ва тоҷири сарватманди Бухоро Ҷӯрабек Арабов ҳунармандона ба қалам омада, дорои оҳангҳои пурқуввати иҷтимоӣ мебошанд. Ӯ дар шеърҳои ҳаҷвӣ низ маҳорат доштааст. Рӯзе қушбегӣ (ба таъбири имрӯза,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё