Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
сарвазир) Хонмирзо, ки риши калоне доштааст, аз Яҳёхоҷа илтимос мекунад, ки дар ҳаққаш шеъре гӯяд. Яҳёхоҷа бадоҳатан гуфтааст:
Мири кушбегӣ дар ойна бубинад риши хеш,
Бо дили хеш бигӯяд: “Ана ришу мана риш!”
Гар бубинад риши пурчингилаи қорӣ Самеъ,
Бо дили реш бигӯяд: “Ана ришу мана риш!”
Ва шарҳ додааст: -Мири кушбегӣ, мебахшед, ки шумо ғайр аз риши калон чизи қобили мадҳ надоред, ки сабаби ифтихоратон шавад. Афсӯс, ки ин ришатон ҳам дар пеши риши қорӣ Самеъ қадру қимати худро гум кард.
Дар байни адибоне, ки дар “Ёддоштҳо” зикр ёфтаанд, маорифпарварон Аҳмади Дониш, Шамсиддин Шоҳин, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Абдулвоҳиди Мунзим барин адибони маорифпарвар мавқеи босазо доранд. Дар “Ёддоштҳо” таваҷҷуҳи С.Айниро, беш аз ҳама, сардори ҷараёни маорифпарварии адабиёти тоҷик Аҳмади Дониш ҷалб намудааст. Дар “Аҳмади Дониш”, “Тарзи зиндагонии шабонарӯзӣ ва ҳафтагии Аҳмадмахдум”, “Оби ганда ба ҳандақ”, “Саёҳати солонаи Аҳмадмахдум”, “Шеърҳои ҳаҷвии Аҳмадмахдум”, “Хабари вафоти Аҳмадмахдум”, “Аввалин ошноии ман ба калонтарин асари Аҳмади Дониш “Наводир-ул-вақоеъ” ном бобҳои қисматҳои сеюм ва чорум оид ба ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти ин симои барҷаста маълумоти муфид дода шудааст. Ба қавли С.Айнӣ, Аҳмади Дониш баробари нависандаи барҷаста, олими дақиқсанҷ, ҳунарманди мумтоз ва хаттоти беҳамто низ будааст ва даромади асосии ӯ аз рӯйи меҳнати ҳалолаш ҳосил мешудааст. “Ман, — гуфтааст С.Айнӣ, — як китоби “Юсуф ва Зулайҳо”-ро бо хат, ҷадвал ва расми Аҳмадмахдум

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё