Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
дидаам, ки дар ҳамон вақт ба қимати сесад пуд гандум фурӯш шуда буд”.
С. Айнӣ дар хусуси Шамсиддин Шоҳин маълумоти мухтасар додааст, зеро гоҳи мадрасахонӣ ба ӯ вонахӯрдааст. Шиносоии Садриддин ба Шоҳин ба воситаи ашъори шоир сурат гирифтааст. С. Айнӣ Шоҳинро аз шоирони машҳури замон ва забардасти рӯзгор дониста қайд кардааст: “Шеърҳои Шоҳин ҳамеша дар маҳфилҳои Шарифхонмахдум хонда мешуданд ва ҳар шеъре, ки ӯ гӯяд, дар рӯзи дуюми гуфта шуданаш ба он ҷо меомад... Ва ба ман шеърҳои Шоҳин аз шеърҳои ҳамаи он шоироне, ки дар он маҷлисҳо медидам, зиёдатар таъсир мекард”.
Дар қисми III «Ёддоштҳо» дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат муфассал сухан меравад, зеро Ҳайрат шарикдарс ва дӯсти Айнӣ буда, дар айёми ҷавонӣ аз олам даргузаштааст. Нависандаи “Ёддоштҳо” хотираи рафиқи ҷавонмарги худро абадӣ гардондан хоста, мероси адабии парокандаи ӯро гирд меоварад. С. Айнӣ Ҳайратро шоири навовар ва устоди худ медонад ва дар бораи ӯ самимона ва сипосгузорона сухан меронад. Муаллиф як ғазали шоирро бо матлаи:
Эй сарв, беибо ба чаман сар кашидай!
Моно, ки сарви қомати ӯро надидай!
- оварда, онро чунин баҳо медиҳад: “Ин ғазал ба болои ин ки равон, сода, ҳамафаҳм, ҳамаи калимаҳояш дилчасп буда ва дар ҷои худ монанди нигинакориҳои нодиракорона шинам шудаанд, як эълони мубориза буд бар зидди ташбеҳҳои ғайритабиии обшустаи шоирони гузашта”. Дар ҳақиқат, шоирони пешин қомати ёрро ба сарв, шамшод ва ҳатто ба аръар ташбеҳ медоданд. Ҳайрат дар пеши қомати ёр ҳеҷ гуна зебоӣ надоштани сарвро нишон додааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё