Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

намояндагони фарҳангу адабиёти Бухоро ёдрас шудааст. Махсусан, боби “Одами аҷиб” ҷолиби диққат аст.

Ин боб бо тасвири муфассали симои Аҳмади Дониш оғоз меёбад: “Ин одам қомати баланде дошт, баландии қоматаш ба дараҷае, ки ҷомаи банораси подшоҳии дар тан доштааш баробари зонуяш буд ва ҳол он ки ин гуна ҷома дар тани одамони одӣ ба замин мерасад. Тани ин одам ба тарзе пурра буд, ки баландии қоматаш он қадар ҳис карда намешуд ва ба назар миёнақад менамуд. Гардани ин кас ҳам мувофиқи қадаш дароз ва муносиби баданаш пурра буд. Аммо сари ин одам аз одат берун калон буд. Шояд бори он каллай калон ба он гардани дароз... вазнини мекарда бошад, ки дар вақти роҳ рафтан гарданаш гоҳ ба ин тараф ва гоҳ ба он тараф ҳам мехӯрд... Рӯйи ин шахс сабзина ва пурра буд ва бо вуҷуди ин ки синни ин касро аз шаст боло тахмин кардан мумкин буд, ба рӯяш он қадар ҷинҳои ҳис кардашаванда наменамуд. Риши ӯ миёна ва кулӯта (лӯнда) буда, торҳои сафедаш аз сиёҳаш бештар менамуд”. Дар аввалин шинохти Аҳмади Дониш Садриддин ба ихтилоф дучор мешавад. Садриддин мебинад, ки ин одами аҷибро калонҳои мадраса зоҳиран эҳтиром мекунанд, пеши ӯ аз ҷой хеста салом медиҳанд, вале дар ғайбаш ӯро худобехабар, гумроҳ, дагдаганок, кофир меноманд. Ва танҳо мушоҳидакорӣ ва муҳокимарониҳои мантиқӣ ба Садриддин ҳақиқати ҳолро мекушоянд. Маълум мешавад, ки Аҳмади Дониш олими бузург ва мунаҷҷими ҳақиқӣ будааст. Азбаски дурӯягӣ ва риёкории кӯҳнапарастону мутаассибонро медонистааст, ба саломи онҳо ҷавоб намегардондааст. Қисмҳои сеюм ва чоруми “Ёддоштҳо” давоми мантиқии қисми дувум мебошанд. Қисми сеюм аз 54 ҳикоят иборат буда бо фасли “Ҳавлии Шарифхонмахдум” оғоз ва бо фасли “Дӯстии ду калонгир” анҷом меёбад. Қисми чорум бошад, аз 44

пешина
аз 343
навбатӣ