Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
соҳиби таҷрибаи муайяни зиндагӣ ба шаҳри Бухоро омад. Ин аст, ки ба тамоми мушкилиҳои зиндагӣ тоқат карда тавонист. Дар солҳои аввали мадрасаҳои ӯро ҳамеша камбағалӣ, нодорӣ ва мӯҳточӣ таъқиб мекард. Масалан, зимистони соли 1890 дар мадрасаи Мири Араб бо чунин аҳвол таҳсилро давом медод: “Ман бошам, маҳсӣ надоштам, як кафши сарипоии маҳаллидӯхт доштам, ки аз вай об мегузашт ва намро ба худ мекашид. Хоҳ дар такрор бошад, хоҳ дар кӯча аз рӯйи курта як ҷомаи пахтадор пӯшида, бо як қабат лозимӣ мебаромадам... Бемаҳсигӣ маро бисёр азоб медод ва поҳоям торс-торс кафида, замини сахти дандонакашӣ карда шуда барин мешуд. Дар рӯзҳои барфу борон, вақте ки ба кӯча ё ба рӯйи мадраса бароям, даруни кафшам пур аз барфу об мешуд ва аз кафидагиҳои поям, гӯё ки бо корд чок карда бошанд, хун шорида мерафт. Ягона доруи ман дар кафидагиҳои по равғани шамъи ҷойдорӣ буд, шамъро даргиронида бар рӯйи кафидагиҳо хам карда нигоҳ медоштам, равғани доғи шамъ аз канори оташи пилтааш ба рӯйи ҷароҳат чакра-чакра мечакид ва фавран озорро таскин медод”. Мӯҳточӣ ва қашшокӣ Садриддинро водор мекард, ки ба муллобачагони давлатманд ошпазӣ ва ҷомашӯй намояд, хонаи онҳоро рӯбад, ба онҳо сабақ омӯзад. Баъзан ба хизмати бое даромада, дафтардорӣ мекард ва баъзан дар мадраса фаррошӣ менамуд. Садриддин баъди ба охир расидани соли таҳсили 1890-1891 тобистон баҳри хабаргирии бозмондагон ва хешовандонаш ба деҳоти Маҳаллаи Боло ва Соктаре меравад. Бародари хурдиаш - Қиромиддин дар зимистон вафот карда будааст, Сироҷиддинро бо худ гирифта ба Бухоро меорад. Дар қисми дуюми «Ёддоштҳо» аввалин шиносии Садриддин ба Аҳмади Дониш, Садри Зиё, Мулло Назруллои Лутфӣ, Мулло Бурҳон барин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё