Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

медиҳанд ва, ниҳоят, ин бандаи пул қурбони сарватҳои худ мегардад. Ӯ ҳангоми намози пешин аз касе хабари аз тарафи болшевикон мусодира кардани пулҳои ҳамаи бонкҳои Бухороро шунида “Оҳ, пулакам!”-гӯён аз олам мегузарад.

Дар қиссаи “Марги судхӯр” Арбобрӯзӣ, Арбобҳамид ва Мирзохӯҷа барин образҳои дигари манфӣ низ ба назар мерасанд. Онҳо ҳокимони деҳот мебошанд ва дар судхӯрию фиребгарӣ аз Қориишкамба монданӣ надоранд. Бинобар ин нависанда Қориишкамбаро рӯбоҳи шаҳрӣ ва судхӯрони деҳотро гургони саҳроӣ гуфтааст. Аз ин лиҳоз, тасвири симои Мирзохӯҷа ном судхӯри шаклану маънан ҳампояи Қориишкамба ҷолиби диққат аст. Нависанда ҳангоми пешвозгирии Қориисматулло сурати Мирзохӯҷаро чунин ба қалам додааст: “Лекин давидани ноиб аз давидани сангпушт ҳеҷ фарқ надошт, чунки ӯ ҳам монандӣ Қориишкамба шикамкалон ва фарбеҳ буда, гӯшти зери закаи ва пушти сари ӯ дамида баромада, гарданашро бо шикам ва тахтапушташ ҳамрӯй карда буд. Фарқе, ки ӯ аз Қориишкамба дошт, ҳамин буд, ки сараш хурд, ришаш кам ва поҳояш аз поҳои ӯ кӯтоҳ буда, аз фарбеҳӣ ё аз варам монанди зерсутун ғафс менамуданд. Ба ин шаклу шамоил намуди зоҳирии ноиб ба ҷуволи пури гандум монанд буд, ки даҳони вайро як қабза карда бо даҳонбанд баста бошанд”.

Дар қиссаи “Марги судхӯр” ҳамчунин талабаи мадраса, тарҷумон, Мӯҳсин, Ҳамроҳрафиқ, Шодмон, Тӯрамурод барин образҳои мусбат амал мекунанд ва дар баёни мундариҷаву ҷараёни инкишофи сюжети асар саҳми муносиб доранд. Асар аз забони талабаи мадраса, ки прототипи ӯ худи муаллиф аст, нақл меёбад. Бинобар ин талабаи мадраса чун шахси масъул, дурандеш, зариф ва кунҷков ба назар мерасад. Симои дигаре, ки боиси такони ҷиддии ҳолатҳои рӯҳии Қориишкамба гардидааст,

пешина
аз 343
навбатӣ