Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

сартарошхона хасисӣ, ҳангоми вохӯрӣ ба бойбача хислати мумсикии Қориишкамба кушода мешавад. Ин бандаи пул аз хурдтарин шароити маблағҷамъкунӣ истифода мекунад. Ҳатто камтарин имконияти сарфкориро, бигузор бо маҳрумиятҳои зиёд бошад ҳам, аз даст намедиҳад. Дар ҳавлии Қориишкамба дар як шабонарӯз танҳо як дона гӯгирд истифода мешуд. Қориишкамба роҳҳои гуногун ва, баъзан, нафратовари пулгундориро истифода карда, маблағи бисёр захира намуд. Маблағҳои Қорӣ ҳама дар бонкҳои Бухоро буданд ва рӯз ба рӯз афзоиш меёфтанд. Соли 1915 ба дараҷаи баланд расидани маблағҳои Қорӣ басо образнок тасвир ёфтааст: “Дар соли дувуми ҷанг... маблағҳояш ҳам аз ду миллион зиёдтар шуда, монандӣ магасони гӯштхӯр бачагони бешумор мезоиданд”.

С.Айнӣ дар баробари тасвири роҳҳои бойшавии Қориишкамба боиси бадбахтиҳои гӯшношуниди ӯ гардидани сарвати беҳисобашро нишон медиҳад. Дар ин лаҳзаҳо хусусияти ҳаҷвии образ боз ҳам афзуда, рӯҳи миллии он пуркувваттар мешавад. Аз ҷумла, вазъият, ҳаракат ва нолаҳои Қорӣ ҳангоми аввалин бор аз даст додани як миқдори ками пулаш симои манфур ва ночизи ӯро пеши назар ҷилвагар месозад: “Қориишкамба дар ҳолате ки саллай калонаш каловавор ба гарданаш фуромадагӣ буд, монанди навҳагарон ба ҳар тараф ҳам хӯрда торҳои риши худро бо ангуштонаш канда “вой хонем сӯхт, вой ҷонам ба лаб омад, вой ҷонаки азизам аз даст рафт!” - гӯён фарёд мекашид; гоҳо ба нохунҳои худ рӯяро харошида хуншор мекард: гоҳо гиря гулӯгираш гардида, бе он ки чӣ гуфтанаш маълум шавад, монанди саге, ки ба обмӯрии боғ дармонда, ба паси худ аз боғбон зарбаҳои ҷонкоҳ мехӯрда бошад, нӯла мекашид”. Дар шароити пурошӯби Бухорои ибтидои асри XX чунин ҳодисаҳои ҷонкоҳ дар ҳаёти Қориишкамба чанд бор рӯй

пешина
аз 343
навбатӣ