Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
“Ятим” (1940) барин асарҳои худро барои наврасон навишт. Дар қиссаи “Марги судхӯр” судхӯрӣ барин падидаи манфие, ки дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX тамоми ҷомеаи Бухороро фаро гирифта буд, ҳаҷв шудааст.
Қиссаи “Марги судхӯр” бо байти:
Судхӯр аз пули худ нон шиканад гар, ба масал
- Шиша сандон шиканад, атола дандон шиканад.
(Айнӣ)
оғоз меёбад, ки аллакай дар бораи мундариҷаи он маълумот медиҳад.
Садриддин Айнӣ аз нахустин қадамҳои эҷодӣ ба офаридани симоҳои хасису пулпараст таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Нависанда дар асарҳои “Ҷаллодони Бухоро”, “Одина”, “Дохунда”, “Ғуломон”, “Ёддоштҳо” судхӯриро чун ҳодисаи номатлуби ҷомеаи инсонӣ накӯҳиш кардааст. Қуллаи баландтарини фаъолияти ҳаҷвнигории Айнӣ дар қиссаи “Марги судхӯр” зоҳир гардидааст.
Дар маркази қиссаи “Марги судхӯр” ҳаёт ва фаъолияти мумсики гузаро Қориисмат меистад. Нависанда ба воситаи мушоҳидаҳои зираконаи талабаи мадраса муносибату муомилаи Қориисматро ба қиморбозон, дӯкондорон, кӯкнориён, саройбонон, соҳибони бонкҳо ва дигар табақаҳои бухорои амирӣ нишон медиҳад. Талабаи мадрасаро, ки дар ҷустуҷӯи ҳуҷра буд, рафиқаш чунин маслиҳат медиҳад: “Қориишкамба” ном як кас ҳаст, ки чанд дар ҳуҷраи зархарид дорад, агар аз вай пурсӣ, шояд яке аз ҳуҷраҳояшро ба ту орият диҳад”. Аз ин гуфтор таваҷҷуҳи талабаи мадраса бештар ба калимаи “Қориишкамба” ҷалб мегардад ва ӯ дар ҷустуҷӯи соҳиби ин лақаб мешавад. Дар ҳақиқат, симои ин одам бо маънои лақабаш пурра

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё