Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
хатти сюжети асар ва ҳалли зиддиятҳои он саҳм гузоштаанд. Қиличхалифа, Абдурраҳмон сардор, Акрамбой, Набиполвон, Муҳаммад Каримбой, Ӯрмонполвон, кали Султон, Шоҳназарбой, Мулло Қаҳҳор, Қутбия барин образҳои манфӣ воқеӣ ва табиӣ тасвир ёфта, ифодакунандаи муносибату муомилаи қувваҳои манфии ҷомеа мебошанд. Айнӣ ҳангоми тасвири образҳои манфӣ аз воситаҳои гуногуни тасвири бадеӣ ва тарзи баёни ҳаҷвӣ моҳирона истифода мекунад. Масалан, дар боби VIII қисми якуми роман маросими ғуломҷаллоби хивагӣ — Муҳаммад Каримбойро қабул кардани амир Ҳайдар тасвир ёфтааст. Вақте ки Муҳаммад Каримбой қоидаи дастбӯсии амирро ба ҷо оварда аз саломхона берун мебарояд, ӯро дарбориён иҳота мекунанд. Ин манзара чунин тасвир ёфтааст: “Дар берун аҳли дарбор корвонбоширо монандӣ мӯру малаҳ фаро гирифтанд. Инҳо монандӣ ҳашароти мурдорҳор мехостанд аз бадани фарбеҳи чиркини корвонбошӣ, ки аз пеши амир ба обу арақ ғӯтида монандӣ мурдаи кӯҳна бӯй гирифта баромада буд, порчаҳои равғанин канда гиранд”.
Қувваи ҳаҷви порчаи мазкурро ташбеҳу тавсиф ва муболигаву киноя барин санъатҳои бадеӣ афзун намудааст.
“Ғуломон” романи таърихӣ мебошад ва дар байни персонажҳои он чун амир Ҳайдар, мулло Қаҳҳор, кӯшбегӣ Низомиддинхӯҷа, Нуриддинхӯҷа чандин шахсҳои таърихӣ иштирок мекунанд ё ном бурда мешаванд.
“Ғуломон” чун намунаи адабиёти бадеии халқҳои Осиёи Миёна дар 200-ҷилдаи китобхонаи адабиёти ҷаҳонӣ ҷой гирифтааст. С.Айнӣ бо романи “Ғуломон” як силсилаи асарҳои насрии худро, ки аз китобҳои “Одина”, “Дохунда” ва “Ғуломон” иборат буд, ба анҷом мерасонад.
Устод Айнӣ солҳои сиюми асри XX “Мактаби кӯҳна”
(1935), “Аҳмади девбанд” (1936), “Марги судхӯр” (1939) ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё