Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

қонун нишон дода шудааст, ки Исомаддинова якчанд қонунҳоро вайрон кардааст, - на сару на нӯги ҷумлаи Тӯхтаев маълум набуд, ки чӣ мегӯяд.

Судя сухани Тӯхтаевро бурида, хоҳиш кард, ки бомантиқтар сухан ронад. Тӯхтаев ҳам сарашро итоаткорона ҷунбониду суханашро идома дод:

  • Ҷанҷолҳои Петрова ҳам бесабаб не, ин кас ба ӯ корҳои иловагӣ мефармоянд, агар ӯ иҷро накунад, ана сони ғавғо. Кадом роҳбар аз болои кормандаш навистааст? Исомаддинова ба мо нанавишта ба шӯъбаи молия дар бораи мудири анбор ариза навистаанд, ё камбудиҳои дохилиро худашон ҳал накарда, ба КРУ ҳам навиштаанд. Мана аз маорифи вилоят якчанд бор тафтишотҳо шуда буд. Намояндаҳои тафтишотии вилоят ҳам ягон бор тарафи Исомаддиноваро нагирифта, баръакс танқид кардааст. Мо маъмурияти завод дар вақти аттестация гузаронидани Исомаддинова аз маорифи вилоят розигӣ гирифта, баъд он касро аттестация кардем.

Тӯхтаев ба таври худаш чунон бо ҳарорат баромад кард, ки гӯё танҳо дар доираи қонун сухан гуфтаасту гапи бедалеле нагуфта бошад. Аммо дар асл аз ин баромади бемантиқу бемазун, ки бе таҳрир овардам, касе чизи амиқе нафаҳмид. Танҳо худсафедкунӣ буду бас.

Акчурин боз андешамандона ба чеҳраи Тӯхтаев синча карду ба савол пардохт:

  • Шумо гуфтед, ки пеш аз аттестация аз маорифи вилоят ризогӣ ба даст овардаед, агар розигии маорифи вилоят бошад, чаро маорифи шаҳри Исфара бехабар мондааст? Гузашта аз ин, агар ин тавр бошад ҳам, ягон санаду ҳуҷҷат ё хати иҷозати маорифи вилоятро ба судя нишон медодед.

Гӯё гурзи оҳанин ба сари Тӯхтаев фаромад. Албатта ӯ ягон ҳуҷҷату санаде дар ин зимн надошт. Аз ин рӯ, баҳона ёфта натавонисту лол монд. Ҳимоятгарам боз аз судя иҷозат пурсида, муаддабона ба пурсиш даромад:

  • Аз рӯи гуфтаи шумо Исомаддинова ба Петрова кадом кори
пешина
аз 385
навбатӣ