Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

иловагиро супурдааст? Агар супурда бошад, ягон тои онро баён созед. Боз илова кардед, ки Исомаддинова қонуну дастурҳои ҳуқуқиро вайрон кардааст, лутфан як-ду вайронкории Исомаддиноваро аз рӯи қонун исбот ва шарҳ диҳед. Агар аз маорифи вилоят комиссияи тафтишотӣ омада бошад, протоколи тафтишот ва хулосаи комиссияро бо худ доред? Ному насаби як ду тан аз тафтишгаронро лутфан гӯед. Боз дар сари гуфторатон ёдовар шудед, ки гӯё ду рӯз пеш аз кор шурӯъ кардани Исомаддинова Зотоваю Петроваю дигарон аризаи шикоятӣ навиштаанд, ҳар дуи мо ҳуқуқшиносем, агар шумо низ салоҳияти ҳуқуқшиносиро комилан ба ҷой оваред, магар натавонистед, ки пеши роҳи нофаҳмиҳоро қаблан гиред?
-Наил Акчурин ҳар як суолаш пухтаву бомағз ва хеле андешамандона буд. Бараъло дидам, вақте ҳимоятгарам ба Тӯхтаев суол медод, судя бароҳатӣ ва хеле қаноатмандона аз пурсишҳои бомантиқонаи Акчурин гӯш мекард.

Ин ки суолҳо чун дуди сигор дар ҳаво бепосух монданд, хашми судяро овард.

-Мӯҳтарам ҳуқуқшинос, ин минбар минбари ҳар чӣ ба даҳон ояд, гуфтан шояд не, балки исботу далелу ҳуҷҷат зарур, пас ба ҳамаи гуфтаҳои шумо ҳуҷҷате ҳаст?-рост ба чашми Тӯхтаев судя Мамадова нигоҳ карда пурсид.

Аммо Тӯхтаев аз наёфтани далелу исбот ва ҳуҷҷати тасдиқкунанда, худро гӯё хашмгин нишон доду бо ин амалашон гӯё надоштани хоҳиши ҷавоб доданашро ҳувайдо кард. Аммо дарвоқеъ ҳеҷ далеле рӯи каф надошт, ки худро сафед кунад.

Навбат ба Солиев расид. Солиев вақте ба минбар мебаромад, чашмашро песонида аз Акчурин намеканд. Чун донист, ки ду муддаии ҳаммаслакаш дар суолҳои ҳимоятгарам лол монданд, ӯ низ аз бими он ки баъди баромадаш суолборон мешавад, тарсида-тарсида ба минбар баромад. Гӯё худро як навъе ба даст гирифта бошад, ба суханпардозии бемантиқонаву бедалелаш оғоз кард:

-Рафиқ Исомаддиновна мудир карда ба кор қабул кардагӣ сабабгораш ман. Ман як хатогӣ карда будам, ки аз ҷойҳои кори

пешина
аз 385
навбатӣ