Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
ба ӯ мӯҳлати санҷишӣ дода мешавад? Агар ҳа, дар куҷои қонун ин асос ҳаст?
Эшонов дасту пой хӯрд, ба даҳонаш лому миме наомад. Надонист, ки чӣ гӯяду аз чӣ сар кунад. Чун медонист, ки бо Акчурин касе аз лиҳози саводи ҳуқуқӣ баробар шуда наметавонад. Аз ин рӯ, тамоми ҳарфҳояш дар гӯлуяш ях бастанд. Судя ҳам дид, ки Эшонов посухи мусбате ёфта наметавонад, ба Эшонов писханде заду, аз Акчурин хоҳиш кард, ки саволи дигар диҳад.
-Сабаби ин қадар зиёд ба дастури "Хишти аввал" часпиданатон дар чист? Агар шумо ба таври худатон дар вазорати маориф санҷишу тафтиши худатонро гузаронида бошед, дар сафҳаи аввал тақризу ризоияту иҷозати вазорати маорифро магар надидед, ки ҳар як китоби дорои таълиму тарбия бидуни иҷозати вазорат чоп мешавад. Ин ҳарфи шумо аз ҳавост. Ин ки шумо мегӯед дар Пажӯҳишгоҳи улуми педагогӣ гуфтаанд, ки гӯё Исомаддинова китобро аз кисаи худаш чоп кардааст, ҳуҷҷате доред?
Боз аз пештар бештар Эшонов ғарқ ба лойи шармандагӣ шуду намедонист сарашро ба кадом сӯрохӣ халонад. Ба ин хотир хост худро аз банди шармандагӣ раҳонад, ҷумлаҳои бе сару нӯги ӯ сар шуд, ки ба ҷуз худаш ҳеҷ кас нафаҳмид, ки ӯ чӣ мегӯяд. Ягон санаду асоси ҳуқуқӣ надошт, ки газофу лофҳои худро исбот созад. Мамадова бо табассуми малеҳ ҳангоме ки Эшоновро иҷозати ба ҷояш нишастан дод, гуфт:
-Бе факту далел ҳеҷ гоҳ ҳарфе нагӯед.
Баъдан, судя Мамадова Тӯхтаевро ба маърӯза хонд. Тӯхтаев чун ҳуқуқшинос буд, инак хост воқеан ҳуқуқшиносии худро исбот карда, аз қонуну қоидаҳо гапро сар кард:
-Рафиқон, раиси суд ва машваратчиёни халқӣ! Дар ҳақиқат аз мо роҳбарҳо як хатогии бузург гузашт, ки рости гап ман худамро ҳам дар ин бора гунаҳбор меҳисобам, ки бехабар мондааму ҳамин шахси бемаълумоти аз кӯчаи ахлоқию педагогӣ нагузаштаро мудир карда, як вазифаи калони бомасъулиятро супоридем. Бевичдонӣ нишон медиҳад, дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё