Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

дархости махсус аз раёсати заводи металлургӣ барои барқарор кардани ман ба вазифаи пештараам тақозо намуд. Ба дунболи ин, ҳамзамон бо қарори судӣ ҳалнома бароварда шуд, ки ба ғайр аз он ки маро бо вазифаи пештараам барқарор карда шуда, ҷуброни маошҳои иҷборан прогули ман аз буҷаи завод пардохт карда шавад.

Дар қатори журналистон журналисти варзида Усмон Шокир — хабарнигори рӯзномаи "Ҷумҳурият" низ дар ин мурофиаи судӣ иштирок дошт. Дидам, ки Усмон Шокир баъди анҷоми кори судӣ ба ҳузури раиси суд рафт ва намедонам ким-чи хел радду бадали суолу ҷавоб намуд. Эътибор надодам, ки ӯ чӣ гуфту раиси суд чӣ посух дод. Баъдан чӣ гуфтану чӣ посух додани раиси суд маълумам шуд, ки барои хонандагони азиз дар поёнтари ин қиссаи воқеӣ нақл хоҳам кард.

Пештар дар суди халқии шаҳри Исфара, ки ҳамаи ин гурӯҳро ғарқи шодию хандаву табрик дида будам, ин бор тавре ба чашмам намудор гаштанд, ки гӯё ба сарашон шӯрбои гармро рехта бошанд, ҷои пинҳонӣ намеёфтанд, ки беибо гиря кунанд.

Сарамро ҷунбонида ба дунёи "каҷ дору марез" ҳайрон шуда аз толор баромада рафтам...

Аз рӯи қарори суди вилояти Ленинобод раёсати заводи гидрометаллурӣ боз маро ба вазифаам барқарор кард. Аз ин пешомад Эшонову Тӯхтаеву Солиев ҷои нишаст намеёфтанд.
Онҳо ҳанӯз аз судбозиву бузбозӣ даст накашида буданд, ки ба дасисаи навбатӣ пардохтанд.

Эшон ба президиуми суди вилоятӣ аризаи кассатсионӣ навиштанд, ки гӯё баррасии парвандаи ман ноҳақ дида баромада шудааст. Аз рӯи аризаи кассатсионии муқобилони ман, президиуми суди вилоят қарори суди граждании суди вилоятиро бекор кард ва барои аз нав дида баромадани парванда корро ба суди халқии ноҳияи Конибодом ирсол дошт.

Бо ин мазмун баррасии парванда ба суди халқии шаҳри Конибодом ирсол гардид. Яъне, тибқи хулосаи баровардаи президиуми суди вилояти Ленинобод бояд суди халқии Конибодом ба парванда ҳалнома мебаровард.

пешина
аз 385
навбатӣ