Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
карда буд, аз ҷониби суди вилояти Ленинобод сахт маҳкум карда, эшонро ба ошнобозию маҳалгароӣ ва ноодилона дида баромадану ҳалнома қабул карданашон зери тозиёнаи танқид гирифта шуд.
Дар толори судӣ дар ҳузури ҳамагон, аз ҷумла муқобилони ман аз ҷониби раисикунандаи суд мактубу дархостҳои вазорати маорифи Тоҷикистонӯ управленияи маорифи вилояти Ленинобод қироат гардид. Баръало дидам, ононе, ки алайҳи ман мубориза мебурданд, дар толори суд дандонашонро ба ҳам месовиданд, ба ҳамдигар нигоҳҳои маънидорона карда, гоҳ-гоҳ теғи чашми интиқомҷӯёнашонро сӯям мекашиданд.
Аз ҳама нуқтаи корагар ва нишонрас барои онҳо ноодилона ва ғайриқонунӣ аз атестатсия гузаронидани ман буд. Зеро раисикунандаи суд низ бо такя ба номаҳои вазорати маориф ва дигар мақомот аз рӯи қонун исбот кард, ки барои мудиру мураббияҳои соҳаи тарбияи томактабӣ аттестатсия то се соли аввали фаъолият вуҷуд надорад ва ин кори онҳо ба хотири манфиати худу маҳалгароӣ ва нотавонбинии эшон аст. Ин нуктаро раиси суди вилоятӣ дар ҳузури иштирокдорони коллегияи судӣ бо забони бурро хитоб кард. Ҳамчунин арз гардид, ки Низомномаи аттестатсияе, ки нисбати ман гузаронида шудааст, танҳо барои кормандони техникии завод будааст, на ба кормандони соҳаи тарбия. Аз ҳама нуқтаи муҳим он буд, ки баъди аттестатсия аз кор барканор кардани ман ризояти шӯъбаи маорифи шаҳр гирифта нашудааст. Ин нуқтаи калидӣ ва хилофи қонун амалкарди муқобилони ман буд, ки яктарафнигарияшон ошкор гардид.
Қаблан, ки ба кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ нома навишта, дархост карда будам, ки барои инъикоси ҳодисаи ба вуқӯъ пайваста ва ёрмандии журналистӣ мусоидат кунанд, аз редаксияи телевизион журналистон ва аз матбуот бисёр кормандони матбуоти ҷумҳуриявӣ иштирок доштанд. Аз ҳама беш ҳузури журналистон муқобилони маро нороҳат мекард.
Хулосаи калом, суди вилоятӣ корро тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ба манфиати ман ҳал кард ва бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё