Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Боз як шодии дигар онҳоро фаро гирифт. Зеро медонистанд, ки аз ин судбозиҳо онҳо мағлуб мешаванд, аммо бо ин ҳама маро ба кӯи сарсонӣ афкандан барои онҳо лаззати гуворое буд.
Эшоновро дидам, ки бо Людмила Диброваю Солиеву Тӯхтаев ба як кунҷе ҷамъ омада мегуфтанд:
-
Исомаддинова коллегияи суди вилоятиро харида гирифтааст. Ҳоло мебинем чӣ мекунанд дар суди Конибодом. Агар нахарида бошад, чаро аз Душанбе журналистони барои тарафгирияш давида меоянд? - ӯ ба онҳо ба таври худаш чунон бо ҳарорат ҳарф мезад, ки Л.Диброва бошад ба хотири ором кардани Эшонов ба сару китфаш кафашро гӯё ятимеро сила мекарда бошанд, молида:
-
Не беспокойтесь, все равно ми победим в Канибадаме, хоть она победить не дадим ей все равно работать, - маккорона ба Эшонов ин гуна арзи тасаллият дод Людмила.
Дигар косалесонаш низ ба Эшонов ҳамдардӣ мекарданд.
Моҳи ноябри соли 1992. Ман дар беморхонаи дилшиносии вилоятӣ табобат мегирифтам. Шавҳарам ба аёдати ман рафту қарори президиуми суди вилоятиро ба ман расонид. Аз ноадолиҳо ба шӯр омадам ва бо маслиҳати ҳимоятгарам ба сессияи XVI Шӯрои олӣ, ки нав дар Қасри Арбоб ба кор шурӯъ карда буд, телефонограмма оид ба ин беадолатӣ ирсол доштам. Ҳамзамон дархост кардам, ки дар рафти баррасии суди халқии ноҳияи Конибодом назорати ҷиддӣ баранд, то ҳақиқат ҷои худро ёбад.
...Баъд аз чанде шунидам, ки ҳанӯз суди халқии Конибодом сар нашуда, аз ҷониби рӯзномаи "Ҷумҳурият" бо имзои Усмон Шокир бо унвони "Иссёни духтари Ибни Ямин" мақолаи инқилобие ба истишор расидааст, ки худхоҳии муқобилони ман дар судро ба қавле дабдала карда, зери интиқоди шадид гирифтааст. Он вақт сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият" марҳум устод Мазҳабшо Муҳаббатшо буданд. Пас бароям маълум шуд, ки чаро рӯзи анҷоми қарори суд дар вилояти Ленинобод Усмон Шокир раиси судро ба канорае кашида

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё