Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Селоби пурталотум чӣ сабаб дошта бошад? Дар ин бора шумо албатта андеша кардаед.
Ҳа, бисёр фикру хаёл мекардаму хулосаҳо мебаровардам ва аз худи он кас мепурсидам. Ҷавобҳои он одами рӯзгордида, ки ҳамаи пешомадҳои рӯзгорашро аз қазою қадар, сарнавишт, меҳрубониҳои Парвардигори бузург, аз донишу хиради Худодод, омӯзиши забонҳо, адабиёт, фарҳанг, сеҳри мӯъҷизаангези санъати мусиқии "Шашмақом"-и безавол медонист, ба тахмину хулосаҳои пешакии камина рост меомад. Ҳа, ин шахс ба қазою қадар, шебу фарози сарнавишт имони комил дошт, чуноне ки ҳама ба ивазшавии шабу рӯз, моҳтобу офтоб, зимистону баҳор, тобистону тирамоҳ, паси ҳам омадани шебу фароз, пастию баланди бовар мекунанд ва аз ин дигаргунию бадалшавиҳо ғами беҳуда намехӯрд. Панду ҳикмати бузургони илму адаб, навоҳои рӯҳбахшу ҷонфизои "Шашмақом" ҳар лаҳза ёру мададгор, раҳнамою растагор, аниси ҳамдами ӯ буданд ва намегузоштанд, ки пеш аз вақт пир шавад. Ана ин чанд саргузаштро, ки аз забони он шахси хирадманд шунидаам, гӯш кунед, он гоҳ худатон ба як хулоса меоед.
Раҳои аз дом
Офтоби хираю ғуборолуди охири зимистон ба ҷониби магриб мелағҷиду равуои одамони бозор тезтар ва шумораи харидорон камтар мешуд. Яке аз фурӯшандагон, марди қоматбаланду тануманд ва баҳодурсимо, лекин нигоҳаш гарму меҳрбор, чеҳрааш софу беғубор, вуҷудаш дилкаш хост барвақтар молашро ҷо ба ҷо карда, дӯконро гӯндорад. Савдогари мусофир кору борашро саранҷом карда, ният дошт рӯзҳои наздик ба шаҳри худ баргардад. Ана дар ҳамин асно як ҷавони хушлибоси ситорагарм назди дӯкон омаду гуфт:
-
Ҳӯҷаин шуморо мепурсанд, маро фиристоданд, ки ҳамроҳ надашон равем.
-
Хуб шудааст, - хурсанд шуд савдогар. - Ман ҳам донистагӣ барин дари дӯконро баста истода будам.
Роҳбалад ҷавони дамдузду камсухан будааст ва савдогари хушсухан бо чанд сухани гарму нарм яхи дили ӯро об кушонид

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор