Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

-Гули рӯи санг ба саргузашти як одам чи хел монанд шуда метавонистааст? - Пурсид шунаванда, ки аз гуфтаҳои пурҷӯшу боварибахши ёри ҳамдам ба ин мавзӯъ бештар мароқ пайдо мекард.

-Ҳозир мо ин гули зебои дар хоросанг рустаро дида истодаем у боз боварамон намеояд, ки он чӣ тавр дар ин ҷои сахт руставу реша ронда, боз сабзиш дорад. Охир баъзан мешавад, ки худи мо дар як ҷойи нарму гарми серобу серхок гул ё ниҳол мешинонему он носабзида пажмурда мешавад. Дуруст? Он шахсе, ки ман мешиносаму саргузашташро каму беш шунидаам дар як замони сахту пурошӯб, давраи гардиши ҳаёти ҷамъият, замони дигаргуниҳои кулли умр ба сар бурдааст ва ба кадом як мӯъҷиза аз ҳар гуна балову офатҳо, тасодуфҳо, ҳодисоту воқеоти мудҳиш эмин зиндаву саломат мондааст, умри зиёд доштааст. Ба вуҷуди дидан ва дар тану ҷони худ санҷидани азобу машаққатҳо ва шикасту нобарорӣ ва нокомиҳо бо қомати рост, чеҳраи кушод, дили ҳамеша хурраму шод, сухани бурро, ҳалиму меҳрубон, хушмуомилаю маҳфилоро мондааст. Ӯ як ҷозиба кашиши ҳайратангез дошт, монанди як ҷои салқину серобу серсоя дар гармои тобистон, хонаи гарм дар зимистони қаҳратун, чароғи равшани тоқа дар торикии зулмот, ки одамон ба чунин ҷойҳо беихтиёр майлу хоҳиши наздикӣ мекунанд.

Ману шуморо ҳоло зебоии ин гули баҳори ба сӯи худ кашиду муҳити зисташ ба ҳайрат овард. Табиат ҳам падидаҳои асрорангез ва шигифтомез дорад. Гоҳо сармое сармои бемаҳал сабзаю шукуфаҳои боғу бӯстонро яксара нобуд месозад, вале шукуфаҳои дарахте ё шоҳе зинда мемонад, боди сахту сарди хазонрез дар як шаб барги зарди ҳамаи дарахтонро афкандаю пароканда ба замин яксон мекунад, аммо якто нимто дарахтеро дида метавонем, ки ба барқҳои он шамоли сахт ҳам таъсир надоштааст.

-Аз сармою гармо, шамолу борон беосеб мондани шукуфаю баргҳо ва сабзаҳои ҷудогона албатта сабабе доранд, пас саломат мондани он шахс аз ҳаводиси гуногуни рӯзгори чун

пешина
аз 385
навбатӣ