Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Гоҳе одами ғунударо аз хоб бедор мекунанду хоби ширини дидаистодааш ноанҷом ва аз лаззати гуворо маҳрум мемонад.

Бо ҳамин андешаю истиҳола ӯ оҳистаю бесадо қадамзанон дуртар рафт, ки аз тамошои манзараҳои дилорои арӯси сол чашмони хастаашро бештар об диҳад. Нағз медонад, ки дӯсташ, албатта бисёр розҳои дилашро аз вай пинҳон намедорад, дари ниҳонхонаи қалбаш барои рафиқи шафиқ, ёри мувофиқ кушода аст. Ба дари кушода калид чӣ лозим? Яъне пурсиш беҷо менамуд. Ҳамин ранг бе ягон кунҷкобию таҳпурсии дӯсташ ба ӯ сухани таҳхонаи дилашро албатта хоҳад гуфт, чуноне ки худи вай ҳам ба рафиқи меҳрубон, роздону ҳолдон ҳамаи дарди дилашро аён ва баён карда метавонад. Ҳангоми хӯриши нимрӯзӣ дар сари хони саҳрой рафиқаш якбора ба сухан даромад:

  • Ин гули рӯи хоросанг саргузашти як одамро ба хотирам овард. Ман он шахсро бештар ба чанори тавоно, садаи бузург монанд мекардам, ки ба боду тӯфонҳои айём тоб наоварда, истодагарӣ намудаасту қомати росташ аз ҳамлаю фишорҳо нашикаст, ҳатто хам нашуд. Имрӯз бошад ҳар ду дидем, ки як гули хурдакак чӣ зӯру тавон доштааст, решаҳои зоҳиран нотавонаш то марзи хоросанги мазбут роҳ ёфтааст. Ин гули ба диди мо ва бисёр дигарон ночизу нотавон дар қудрату зӯр, устуворию матинӣ, доштдорӣ аз чанори болобаланд бартар аст, ки камтар нест.

Ин гул рамзи нерӯю эъҷози фарҳанг, санъату ҳунар аст, ки онро ба як нигоҳ касе дида наметавонад. Зӯру мадор, нерӯю эъҷози фарҳангро касе мебинад, ки ба ҷаҳон ба қавли устод Рӯдакӣ бо чашми хирад менигарад.

Гузашти вақт ошӯбу тӯфонҳои ҷамъияти инсонӣ бисёр дороиҳо, қасру кӯшқҳо, шаҳрҳо, кишварҳоро хароб, несту нобуд мегардонад, ки аз онҳо ном мемонаду нишон не. Ном, сухан ин падидаангез, намоёнгари фарҳанг аст. Одамон ҳам дар ин ҷаҳон ҷисман поёнда нестанд, аз онҳо, аз шахсони хирадманду бофарҳанг танҳо ном ва сухан мемонад. Яъне одам ҳамеша рӯҳан зиндаю поёнда мебошад.

пешина
аз 385
навбатӣ