Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ва ҳарду бехабар мондаанд, ки ғарқи сӯҳбат аз дарвозаи бозор гузашта, дар кӯчаи калони шаҳр хеле қадам заданд.

  • О, мо назди хӯҷаин рафтаӣ будем-ку? - нохост ба ёд овард марди савдогар. - Ӯ як хӯҷаин-раиси бозорро мешинохту медонист.

  • Хӯҷаин дар идора нестанд, он кас дар як зиёфат нишастаанд, маро фиристода гуфтанд: - Зуд меҳмони исфарагиро гирифта биё.

  • Чаро инро барвақтар нагуфтед? Хайр ҳоло ҳам дер нашудааст, набошад ман баргардаму аз дӯкон танбӯрро гирам - гуфт меҳмон ва қадамзаниаш сусттар шуд.

Роҳбалад розӣ нашуд. - Боз раис маътал нашавад. Дар он ҷо ҳама чиз ҳаст, - гуфт.

  • Садои танбӯри ман дигар-дия. Ман завқи хӯҷаинро медонам, - гуфт савдогари исфарагӣ, вале нохост, ки дили роҳбалади бе ин ҳам туршрӯро ранҷонад ва хӯҷаинро интизор кунад. Ҳарчанд аз як гӯшаи дилаш гузаронд, ки чаро раиси бозор ӯро ба зиёфат хондаасту нафармудааст, ки танбӯрашро ҳамроҳ гирад.

Дар воқеъ раиси бозор аз вохӯрии нахустин ӯро писандид ва хуш пазируфт. Ҳис кард, ки ин шахс аз аҳли тиҷорат нест ва шояд ниёзмандиҳои зиндагӣ ӯро ба ин роҳ андохтааст. Ҳар шахси одамдида аз нигоҳ, муомила, сухангӯй, тарзи гуфтору рафтор ҳам тахмин карда метавонад, ки ҷавҳари сиришти ҳамсӯҳбати вай чист. Ҳа, раис хато накарда буд. Меҳмони исфарагӣ савдогари касбӣ набуд, вай шахси донисманд бошад ҳам дар муассисаҳои гуногун чун мудири хоҷагӣ, муҳосиб кор мекард, маошаш ба таъмини хонадони серфарзанд намемерасид, гоҳ-гоҳ аз рӯи зарурат дар фасли зимистон рухсатӣ гирифта, ба шаҳрҳои гуногун мева бурда мефурӯхту пул ёфта ба зиндагиаш сарф мекард.

Боре як раиси хоҷагӣ, шахси қадрдону меҳрубон ӯро ба наздаш хонду гуфт:

  • Домулло, ба шумо як хизмат буд, як мошин санҷидро аз анбор гиреду бурда фурӯшед. Нархаш барои шумо арзон, агар
пешина
аз 385
навбатӣ