Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Маълумам шуд, ки духтари бисёр дидарову хушмуомила ва ботини пок дорад.
-Муаллима, -Карима ба зӯр нафас мекашид, пайдост аз ошёнаи якум ба ошёнаи дуввум давида баромада будааст,- кӯдакон ба синфи мусиқӣ намедароянд; як зайл бо як овоз гиря мекунанд. Намедонам чӣ кор кунам, -қариб буд аз чашмони мураббияи ҷавон ашк ҷорӣ мешуд.
Аз ҷоям боло шудаму ба толори мусиқӣ омадем. Аҷаб манзарае буд. Кӯдакон қатор шуда домани ҳамдигар дошта буданд. Дари синфи мусиқӣ во буду аз дарун марди русе, ки ба ҳайси навозандагии кӯдакистон кор мекард, бо аккордионаш навои "Андижанская полка"-ро менавохт. Ҳам садои гиря ва ҳам садои аккордион бо ҳам омезиш ёфта муҳити ҳарфношунавро ба миён оварда буд. Аҷибии кор дар он аст, ки ман як вижагиро дар кӯдакон ҳамон лаҳза пайхас кардам. Агар як кӯдак ба гиря дарояд дигарон низ дар тақлид ба ӯ гиря мекардаанд. Бо ширини бас-бас, ором-ором гӯям ҳам эшон аз гиря боз намонданд. Баръакс садои шевани онҳо боз баландтар шуд. Ба марди навозандаи рус хитоб кардам, ки навохтанро қатъ кунад. Ӯ навохтанро бас кард. Дидам, ки кӯдакон андак аз гиря бозмонданд. Барои фаҳмидан ба русмард хитоб кардам, ки боз аккордион навозад. Бо баробари ғажу ғужи навохтани мусиқии "андижанская полка" садои гиряи кӯдакон аз пештар бештар баланд шуд. Дастамро боло кардаму бо имо хоҳиш кардам, ки навохтанро қатъ кунад. Русмард ҳам бо баробари дидани ишораи дасти ман қатъ кард. Аҷиб буд, ки кӯдакон низ баробари ором шудани садои аккордион ором шуданд.
Ба Карима хитоб кардам, ки доира ҳаст ё нест. Ӯ ба ҷои посух додан даруни синфи мусиқӣ давиду ба як чанд сония давида доирачаро берун овард. Ҳарчанд аз илми мусиқӣ комилан бехабар будам, бо вуҷуди он гирифтаму бо дастам ба дили доира тап-тап задаму навои арӯсбиёрони "ёр-ёр"-ро навохтам. Ва ҳар чӣ ба даҳонам омад зери навои ёр-ёр хондан гирифтам. Маро ҳолати аҷибе рух дод. Кӯдакон ҳарчанд, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё