Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
бурдам, ки онҳо аз кормандони ғайритоҷик бисёр ранҷҳои рӯҳиву равонӣ кашидаанд. Гоҳе Карима аз ноадолатии методист шиква кунад, гоҳе Омина аз хӯрдагирӣ ва худбинии эшон озурдагии хешро мегуфт.
Аз ҳаррӯза гирумону муносибати бади гурӯҳи ғайритоҷики боғча ва ноадолатиҳо хеле хаста шудам. Дилам ҳамеша ноором буду рӯҳам шикаста... дар шаҳри Тошканд София гуфта буд, ки айнан бо ноадолатиҳо ва шикастҳо рӯ ба рӯ мешавам ва баҳри ҳақиқат талош мекунам. Худоё, ман пешгӯйиҳои ӯро инак дар рӯзҳои аввали кор мебинам. Ба худ ҳазор бор мегуфтам, ки илоҳо пешгӯйиҳои София нодуруст ва ботил бароянд. Аммо он чӣ ки ман мехоҳам на ҳамеша бо иродаи осмонӣ созгор ноомадааст.
Маро зарур буд, ки сидқан ва ҷиддан ба коргузории мураббиягони тоҷик аҳамият диҳам. Кулли ҳуҷҷатгузорӣ сирф бо забони русӣ буд. Ҳол он ки забони тоҷикӣ ба мақоми давлатӣ гирифтанаш аллакай як сол изофа шуда буд. Аммо коргузорӣ ҳамоно тибқи анъанаҳои Шӯравӣ ҳанӯз бо забони русӣ буд. Маҳз ин нукта маро ба гирдоби андеша мебурд. Дар маршруткаву автобусҳо ҳатто бо мизоҷон бо забони русӣ муроҷиат мекарданд. Агар касе бо забони тоҷикӣ гап занад, ӯро "свиня", "корова", "баран" ва ғайра алфозҳои қабеҳро раво медиданд. Бадии кор дар он буд, ки дар байни худи тоҷикзабонҳо афроди ҳангомаҷӯву дасисабозон буданд, ки бо дасти эшон нафарони миллатдӯсту дӯстдори забони тоҷикӣ ба маҳкамаҳо кашида шуда, аксарият аз корҳои роҳбарӣ маҳрум мешуданд. Агар аз волоияти забони тоҷикӣ ҳарфе рӯйи забон ояд, маҳз чунин эшон дастак мекарданду варақ-варақ ба компартия сияҳнома навишта пои он инсони ҳақиқатҷӯро аз ҳаво меоварданд.
Чанд рӯзи дигар бо чунин андешаҳо ҳуҷҷатҳои кӯдакистонро варақ задаму ба гирдоби хаёл ғӯтавар шудам. Баногоҳ дари утоқи кориам бе тиқ-тиқ кушода шуд ва дидам мураббияи бахши тоҷикӣ Карима Бадалова даромада омад.
Аз нобаҳангом ва беогоҳӣ даромаданаш узр хост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё