Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Дуввумин рӯзи кориам. Тахминан соати 8-и субҳ В.А. Лукибанова — мудири хоҷагӣ наздам даромад. Ӯ бо эҳтироми хос салом дод. Ин зани қоматбаланди кулчарӯй ва ситорагарм, ки доимо лабаш ба табассуми зебо моил буд, гуфт:
-
Исомаддинова, шумо ба корҳои дирӯза аҳамият надиҳед, — ӯ маро андак ором карданӣ шуд. Аммо ман, ки аз рус будани Ӯ низ хавотир шудам, ки шояд аз ҳаммаслакони Петрова бошад. Аз ин рӯ хомӯшу беаҳамият суханҳояшро гӯш мекардам.
-
Имрӯз ба хӯроки нисфирӯзӣ чӣ пазем? — мунтазири посух ба рӯям нигарист.
-
Номгӯи (меню) хӯрокҳо ҳаст? — ба ҷои посух баръакс савол додам.
-
Не, ин ба кӯдакон дахл надорад, ман коргарони болоии боғчаро дар назар дорам, — Лукибанова болои гуфта, мудир, методист ва дигар масъулину баъзе аз мураббиягонро дар назар дошт.
-
Ҳар рӯз чӣ таоме пухта мешуд?
-
Таомҳои махсус, масалан гӯштбирён, чаркӯб, мурғбирён ё манту... — ӯ номгӯи таомҳои хосро номбар кард.
Тааҷҷуб карда пурсидам: -
Хароҷоти ин таомҳо аз кадом ҳисоб аст?
-
Албатта аз ҳисоби маводи умумӣ, — посух дод.
— Кӯдакон ҳар чӣ мехӯранд, ман ҳам ҳамонро мехӯрам, — бидуни таҳлил андак бовиқор ба ӯ таъкид кардам.
Мудири хоҷагӣ аз ин маслиҳати ман хурсанд шуд. Ӯ фикри маро ҷонибдорӣ кард. Аммо ҳини рафтан хитоб намуд:
- Медонам, ки барои кормандони зинаи болоии боғча хӯроки махсус набояд бошад, аммо дар давоми кор худатон мефаҳмед.
Ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ аз пушти таом ҷанҷоли дигаре бархост. Зеро чун ҳаррӯза мисли ресторан, ки бароишон миз густурда мешуд, имрӯз аз он асаре набуд. Бар замми ин хӯроке, ки барои кӯдакон пухта шуда буд, онро ба кормандони болоии боғча ҳам ба табақчаҳо кашида буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё