Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

гурзе кӯфта бошанд. Ин гуна касе маро ба фикрам то ба ҳол таҳқир накарда буд. Аламам садчанд шуд, ки дар Тоҷикистони ман, ки забони модарӣ мақоми давлатӣ дорад, ман бо забони тоҷикиам ҳарф гуфта наметавонам. Ҳадди ақалл саломи тоҷикиро намехоҳанд бишнаванд. Гузашта аз ин зердасти ман, ки ӯ бояд аз супоришҳои ман иҷро кунад, баръакс мани сарвари кӯдакистон набояд аз фармони ӯ сарпечӣ кунам. Ин буд тақозои режими коммунистии русмаобӣ.

Русзабонҳо то ҳадде эркаи давлатдорӣ буданд, ки ҳеҷ кас наметавонист пишаки онҳоро думкаҷ гӯяд.

Петрова Ольга Александрова, ки методисти кӯдакистон будааст, як зани чиҳилсолаи қоқинаи қаддарозе буд. Даҳони калону чашмони рӯбоҳиаш дарҳол ботинашро бозгӯй менамуд. Ба ғайр аз он ки Худованд аз ин зан ҳусни зеборо дареғ доштааст, то ба ҷойе баддаҳону дуруштсухану сахтгап буд, ки ман дар умрам ин гуна мурооти баду муносибати ғайриинсониро надида будам. Ба ғайр аз ин ӯ хеле нӯшидани шаробро дӯст медошт ва рӯзе набуд, ки нанӯшидаву сархуш набушад.

Ин замон Ольга Петрова дандонашро ба ҳам месовид, ки мазмуни хусумату бадбинияш бармало буд. Зеро барои ин русзан интихоб ва таъин шудани тоҷикзане чун ман дар асоси озмун ба ҳайси сарвари кӯдакистон ғайричашмдошт будааст, ки инро сонитарҳо худи Ольга бароям ошкор кард.

Бо сарварии ин зан нахустрӯзи кории ман бо шӯру ғавго гузашт. Ӯ бо пайравонаш корпартоӣ эълон кард. То соати 15:00 кӯдакон беназорат, бемашғулият ва парешон монданд. Ҳайрати ман аз он афзуд, ки наход як саломи тоҷикии ман боиси корпартоӣ шуда бошад. Мурбиягонро даъват кардам, ки ба гурӯҳҳояшон дароянд. Аммо онҳо зери нақораи Ольга Петрова рақсида, аз гуфтаи ман сар печиданд. Маҷбур шудам, ки ба маъмурияти завод тавассути телефон ин ҳолатро хабар диҳам. Баъди муроҷиати ман ба маъмурият раиси кумитаи иттифоқи касаба Солиев ва сардори шӯъбаи кадрҳои завод Степанов омада, онҳоро ором карда рафтанд.

пешина
аз 385
навбатӣ