Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
ва пешниҳод ҳукми қонуниро гирифт, ки худи вазир низ онро тасдиқ кард. Абдуфаттоҳ Юсуповро бошад барои бемасъулиятиаш аз вазифааш сабукдӯш карданд.
Инак, ин сатрҳоро менависаму ба ҳоли Юсупов раҳмам меояд. Ӯ ба хотири ошнову маҳалбозӣ маро дар ҳузури ҳама шарманда кард. Носазо гуфт, ҳатто дар пеши бинои БДА-и вилоят гӯш кардан нахост. Инак, бо қазои худовандӣ ба сазои амалаш расид. Ман аз барканор шудани ӯ ҳеҷ гоҳ хурсанд нестам, танҳо тантанаи адолати худовандро бо чашмони сар мебинам, ки чӣ тавр ҳар касе даст ба ноадолатӣ бизанад, ҳатман ҷазои муносибро медидааст.
18 май ба назди сардори КВД Алӣ Расулов омадам, ки натиҷаи супориши вазирро фаҳмам. Алӣ Расулов ҷавоб дод, ки аввал бо Қобилҷон Усмонов маслиҳат карда баъд бо чор ҷамъият машварат гузаронида, бо ризогии ҳаматарафа баъд ҷадвал тартиб медиҳад. Аз ӯ хоҳиш кардам, ки ин масъала танҳо ба ду ҷамъият, яъне ба ҷамъияти мо- "Наҷот" ва "МНА-35" алоқманд аст. Беҳтараш бо ҳар дуи мо машварат гузаронад. Ин хоҳиши маро бо сабаби номаълуме Алӣ Расулов рӯирост қабул накард.
Соати 10-и рӯзи 19 май роҳбарони ҷамъиятҳои "Арсенал", "Танзим" ва "МНА-35"-ро дар ҳуҷраи кории А.Расулов дидам. Машварат оғоз гардид. Роҳбарони се ҷамъият бе навбат гап мезаданду магал мебардоштанд. Давоми ҷаласа, ки тартиб додани протокол буд, дар кабинети муовини сардор Анвар Қурбонов давом кард. Бехабар, яъне бе ягон гумон дар қатори роҳбарони се ҷамъияти номбурда менишастам. Сардори шӯъбаи ҳамлу нақл Амирхон Аҳроров низ ҳузур дошт. Якбора К.Сайфиддинов-директори МНА-35 бе ягон асос аз ҷояш хеста, маро ҳақорату дашномҳои қабеҳ карда ба сарам папкаашро бардошт, вале сарамро ба оқиб гирифтам, ки папкааш нарасид. Сайфиддинов пайваста бо дашномҳои қабеҳаш кабинетро тарк кард ва ду нафари ҳамроҳонаш ҳам буқ-буқкунон аз кабинет баромаданд. Ман надонистам, ки сабаби якбора оташ гирифтани Сайфиддинов дар чист. Қурбонов бошад аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор