Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
беодобӣ ва муносибатҳои ғайриқонунии он се нафар роҳбар чизе нагуфт. Гӯё гӯваш кар буд, ки хомӯш нишаст. Ягон лому мим нагуфт. Аммо Аҳдоров як-ду луқма партофт, ки ин корашон хуб нест. Аз Қурбонов хоҳиш кардам, ки ба муносибати ғайриқонунии онҳо санад тартиб диҳад. Аммо ӯ аз ин кор сар печид. Алӣ Расулов агарчанде ин моҷаро ва ҳақоратҳои беадабонаи онҳоро шунида бошад ҳам худро ба нодонӣ зад. Аламам омад, ки агар ба ҷои ман ҳамсар ё маъшуқа ва ё духтарашон мебуд, албатта ба он ҷинояткорон чораи қатъӣ медиданд, шояд паси панҷара ҳам мегирифтанд.
Дар ниҳоят рӯзи 20 май дар асоси пешниҳоди вазорат ҷадвал тартиб дода шуда, дастраси мо гашт. Дар асоси ҷадвали нав фаъолиятамонро ба роҳ мондем. 10-нафар ронандаи МНА-35, ки дар хатсайри Исфара-Хуҷанд фаъолият дошт, бо ихтиёри худ ба ҷамъияти мо омад. Бе ягон дудилагӣ ба кор қабул кардам. Зеро ин ронандагон низ аз найрангҳои сарварашон қимоб шуда буданд. Нархи роҳқирои шаҳраки Нефтободро баробар бо нархи автобус, яъне 80 дирам кардам. Толибилмонро барои то маркази шаҳр овардан, ройгон кашониданро фармон баровардам. Барои кормандони соҳаи тиб нархи роҳқироро панҷоҳ фисад кам муқаррар намудам. Аз ин кор алами муқобилонам даҳчанд афзуд.
Пас аз як рӯзи ин ҳодиса ба фармони вазорат ва ҷадвали қонунии КВД роҳбарони се ҷамъият итоат накарданд. Боз автобусҳошонро зиёдтар ба самти шаҳраки Нефтобод равона карданд. Ҳама роҳбар ва масъулини се ҷамъият ба саристгоҳ баромада ҳаракатҳои ғайриқонунии автобусҳои МНА-35 дастгирӣ мекарданд, кӯшиш мекарданд, ки фазоро вайрон созанд. Аз ҳама таъсирбахш се нафар занони узбекзабонро кироя карданд, ки онҳо аз номи халқи шаҳраки Нефтобод норозӣ нисбати хизматрасонии микроавтобусҳои ҷамъияти "Наҷот"-ро хело устокорона бо шӯру магал ба мисоли митинг намоиш доданд:
Рӯзи дигар низ он се нафар зан амалашонро давом доданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор