Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Машарипов Нарзулло
Абдуллоевич

лилҳои ӯ бештари кӯргиреҳҳоро кушода, ба манфиати давлат маболиғи зиёдеро ворид намудааст. Ҳамеша аз паи ҳақиқат аст ва барои расидан ба ҳадафҳои адолатпарастӣ барои ӯ муҳим нест, ки ҳаммаҳалла ё хешаш аст, барои ӯ муҳим аст, ки ҳақиқат тантана намояд.

Хулоса ба ғайр аз Н.Машарипов маро дигар ҳеҷ кас шунидан нахост, хеле шармандаву хиҷолатзада шудам. Бо ашки шашқатор назди Қобил Усмонов ба ҳукумати вилоят омадам. Мутаассифона ӯ ҳам маро шунидан нахост.

Он шаб дар Хуҷанд дар хонаи духтарам мондам. Ҳолам табоҳу вазъи саломатиам хеле ногувор буд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда рӯзи 7 апрел ҳуҷҷатҳои заруриро гирифта ба Душанбе парвоз кардам.

Субҳи 8 апрел аз масъули соҳаи нақлиёти дастгоҳи Президент Ҳабибов тариқи телефон хоҳиш кардам, ки маро қабул кунад. Вале ӯ ҳам бо сабаби серкорӣ маро қабул кардан нахост.

Шукронаи Парвардигор, ки санаи 9 апрел пас аз нисфирӯзӣ худи вазири нақлиёт ва коммуникатсия А.Ашӯр қабулам кард. Хушбахтона вазир илтимоси маро пазируфта, ба сардори шӯъбаи ҳуқуқ А.Машарифов супориш дод, ки бо пуррагӣ ваҷҳҳои ҳуҷҷатҳои маро санҷад ва ҳақ ё ноҳақ будани даъвоҳоямро рӯи коғаз орад. Машарифов 34 рӯз ҳуҷҷатҳои маро аз назар гузаронид. Ду рӯзи охир худи муовини вазир Худоёров низ дар асоси хулоса ҳама ҳуҷҷатҳои замимашударо аз назар гузаронид. Рӯзи 7 май бошад, хулосаи санҷиш

пешина
аз 385
навбатӣ