Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷамъияташон вобастабуда бе ягон мамоният тағйирот медароранд, шумораи реҷаи корӣ ва нақлиёташонро зиёд мекунанд, ягон нафар аз вилоят намеояд, ин қадар машварату маҷлисҳо баргузор намегардад, аммо чун ҷамъияти мо, бо дархосте ба ҳукумати маҳаллӣ ва ё ИНХ оиди як реҷа зиёд кардани ягон сайрхат дар асоси талаботи халқ муроҷиат намоем ҳадаҳа комиссиябозӣ сар мешавад? Бо сабаби зиёд машварат пайдо кардани "машваратчиёни касбӣ" мо наметавонем шумораи хизматрасониро дар вақти зарурӣ ва дар мӯҳлати кӯтоҳ зиёд намоем ва бо ин баҳона як нафар коргарро ба кор таъмин созем. Охир зиёд кардани шумораи нақлиёт на балки дархости мардумро қонеъ мегардонад, инчунин ҳеҷ набошад 10 нафар ронанда ба кор таъмин мегардад. Хулоса рушду ривоҷи ҷамъияти моро, ки намехоҳанд, масъалаи оддитарин, ки мебоист дар муддати як соат ҳал гардад, дар ҳукумати маҳаллиамон ҳал намегардад. Маҷбур шудам боз моҳи ноябри соли 2007 ба раиси вилоят Қоҳир Расулзода арзамро расонам. Шукри Худо бо дастгирии раис ва пайваста аз супориши муовини аввали раиси вилоят Шакарбек Самадов ин масъала ҳал гардид.

Инчунин баъди даву този дуву ним сола (!) бо дастгирии муовини аввали раиси вилоят Ш.Самадов хатсайри Ворух-Хуҷанд ҳам ҳалли худро ёфт. Мутаассифона бояд ёдовар шавам, ки тӯли чор соли охир (2005-2009) ба ягон мактубам аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ сари вақт посух нагирифтаам. Гарчанд дар дафтари қайди шӯъбаи умумии ҳукумат мактубҳои мо солҳои зиёд ин ҷониб зард шуда хобидаанд...

Бо вуҷуди ин қарори Протоколи ҷаласаи кормандони Раёсати инспекцияи нақлиётии вилояти Суғд, якҷоя бо муассисаи давлатии "Идораи нақлиёти Хуҷанд", "Иттиҳодияи автовокзалҳои вилояти Суғд ва кормандони муассисаҳои шаҳри Исфара аз 12. 12.2006 аз кӯчаи иҷрошавӣ фарсахҳо дур монд. Бар замми ин Амри хадамоти вилояти Суғд аз 19.12.2006 оид ба дар хатсайри Исфара-Хуҷанд аз ҷониби МНА-35 ҳаракат кардани 4 адад автобусҳояш бе натиҷа монд.

пешина
аз 385
навбатӣ