Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
ҳукумат курта-курта гӯшт гирифта, бо сиёсати "худам шоҳу табъам вазир" амал мекарданд. Моҳе як ва ё ду бор ба шаҳри Исфара омада гӯё назорат мебурданд.
То чӣ андоза суханони корманди ҷамоати Навгилем ҳақ аст, намедонам. Аммо айнан ин ҳарфҳоро бароям гуфт. Бо вуҷуди ин шахсан ман ҳатман бовар мекунам, муовини сардори ИНХ Абдуҷалил Бобоҷонов ва нафаре аз масъулини соҳаи нақлиёти ҳукумати шаҳр маҳз ба назди раиси ҷамоати Навгилем рафта, ба раиси ҷамоат таъкид кардаанд, ки дигар ба ҷамъияти "Наҷот" оиди зиёд кардани шумораи нақлиёт дар хатсайри рақами 9 мактуби дархостӣ нанависанд. Ниҳоят ин комиссияи "муштарак" дар ҳузури муовини раиси шаҳр соат-соат машварату таҳлил карда ва дар натиҷа ҳамаро аз кору бори зиндагониаш монанда, дар охир аз дастурхони зиёфати олиҷаноби шахсони манфиатдор меҳмон гашта, бе натиҷа бозмегарданд. Аҷабо! Пас Вазорати нақлиёт дар мактубаш хато кардааст? Ё мактуб чун мактуб боқӣ мемонаду халос? Ё дар ин марз аз паи иҷроиши супоришҳо умуман намешаванд? Сиёсати нақлиёт дар дасти вазорат аст ё ИНХ? Вазифаи масъулини соҳаи нақлиёти ҳукумат аз чӣ иборат асту ба чӣ кор машғуланд? Кадом сиёсатро пеша кардаанд? Худхоҳӣ ва ё гӯш кардану ба арзи халқ расидан? Супориши ИНХ аввал бояд иҷро шавад, ё супориши Вазорати нақлиёт? Ба ин пурсишҳо бигзор виҷдони масъулин посух гӯяд.
Масъалаи мазкур бо дахолати ин афрод ба як сӯ фурӯгузор шуду ягон нафар масъули ин соҳа намепурсад, ки ҳоли халқ чӣ гуна аст?
Барои зиёд гаштани ҳамагӣ чор реҷаи кории хатсайри дохилишаҳрии рақами 9 аз ҷониби рақибонам як солу се моҳ ранҷ кашидам. Даву ғеҷи мо танҳо ба ҳамин масъала, яъне зиёд кардани чор реҷаи корӣ буду халос. Дар ин мӯҳлат нӯҳ маротиба комиссияи вилоят аз идораи нақлиёти Хуҷанд бо сарварии муовини сардори ИНХ А.Бобоҷонов бо иштироки муовини раиси шаҳр Бобоев Б.С кор кард. Аламам меомад, ки чаро масъулини се ҷамъияти собиқ МНА-35 ба хатсайрҳои ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор