Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

аз ҷой хестанд ва мехостанд ба
тарафи мо ҳаракат кунанд, ман
бо як чолокӣ ду даста аз оринҷ
ва дасти росташон гирифтам,
парастор ҳам аз оринҷ ва кафи
дасти чапашонро дошт ва бо ин
кӯмак модар бо чеҳраи кушод
бо мо худоҳофизӣ карданд.

...Ман он лаҳза бо ашки
шашқатор аз ҳузури модар
мураххас шудам. То ба ҳанӯз ин
лаҳзаро ба ёд биёварам, ашки
гарм бо меҳри гарм рӯямро чун
борони баҳорӣ мешӯяд...

...Аз ин мағлубияти ман
рақибонам хеле хушҳолу пирӯз
гаштанд. Аз ин фурсати
муносиб истифода бурда, боз
беадолатиро ба авҷи аълояш
расониданд. Зиддияти эшон боз қувват гирифт.

Дар асоси дархости бешумори мусофирони хатсайри дохилии шаҳрии №9 ва дархости бевоситаи худи раиси ҷамоати Навгилем моро зарур буд, ки шумораи хизматрасонии микроавтобусҳоро дар ин самт зиёд намоем. Агарчанде аз ҷониби маъмурияти ҶДММ "Наҷот" ба унвони ҷонишини раиси шаҳр борҳо дархостнома оиди ҳамин масъала ворид гаштааст, аммо бенатиҷа буд. Муовини раиси шаҳр Б.С.Бобоев ва масъулини шӯъбаи хизматрасонии ҳукумат Мақсуд Мамадҷонов мактуби №4 /9.1/ аз 30.09.2005 ба унвони ҳукумати шаҳри Исфара ирсол гаштаи Вазорати нақлиётро гӯё фаромӯш кардаанд, нодида гирифта, якзайл баҳонаҷӯӣ мекарданд, ки сиёсати нақлиётро танҳо идораи нақлиёти Хуҷанд мебарад, аз ин лиҳоз барои зиёд кардани шумораи нақлиёт дар сайрхатҳо онҳо кӯмак расонида наметавонанд.
Роҳбарони ИНХ бошанд аз боварии масъулини соҳаи нақлиёти

пешина
аз 385
навбатӣ