Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
намудаанд, то ки мардум аз дастуроти илоҳӣ бо таври ҳаққоният, мушаххас баҳра бигиранд ва инчунин дар ҳама маҷлисҳою вохӯриҳо мардумро даъват ба худшиносиву Худоогоҳӣ ва Худотарсӣ мекунанд.
Эшон гуфтанд?—якбора миёни гап пурсиш ба амал оварданд модар.—Чӣ хуб инсоне, чӣ хуб сарваре. Албатта дуо мекунам, то ки маҳбубтар дар назди Худо бошанд. Шумо ҳам зани хуб, назаркардаи Худо ҳастед, дар ҳаққи мардуми Эрон, дар ҳаққи раисҷумҳури Эрон Аҳмади Наҷот ҳам дуо кунед, масъулияти сангин дар дӯши ишон аст. ?Ман дӯстдор ва ихлосманди Эрон, халқи Эрон ва албатта эҳтиромкунандаи сарвари кишвари Эрон ҳастам, дуои ҳамешагӣ дорам,—гӯён, дар ҳузурашон чанд калима дуоро вирди забон овардам.
Охири мулоқот модар супориш доданд, ки чою қанд барои мо оранд. Тибқи хоҳиши ман хонуми бузургвор дастхати хешро бар китоби «Нури Одамият», навиштанд. Хонуми Тоҳира, ки посбонзани ин даргоҳ низ соядасташро ба ин китоб гузошт. Дархост кардам тавассути телефони дастӣ аксе гирем, аммо модар гуфтанд:
?Аз ин хусус маъзарат мехоҳам, духтарам, акси маро,—бо як мазмуни шӯҳии табассумдор бо ишораҳои даст,—ин сурати зишти маро ба ҷуз шавҳари бузургам, фарзандони азизам дигар касе надидааст. Ин гуфтори модари дар ҳақиқат муқаддас маро боз гирён кард. Дасту рӯяшонро бӯсидам, он кас ҳам рухсораамро ва баъд пушти дасти ростамро бӯсиданд. Аз муносибат ва ҳаракати пурмуҳаббату гарми модар қалбам моломоли дард шуда, модари мушфиқамро ёд кардам.
Дар лаҳзаи худоҳофизӣ чун аз ҷои нишаст хестам, модар ҳам аз ҷояшон хостанд боло шаванд, вале парастор хоҳиш карда гуфт:
?На модар, ниёзе нест, нороҳат нашавед. Шумо лутф фармуда истироҳат кунед ва ба ман иҷозат диҳед, меҳмонони мӯҳтарамро гуселонам. Аммо модари меҳрубон бошанд ба ҳарфи парастор таваҷҷӯҳ накарда, дар посух гуфтанд:
-Бигзоред, то суннати Паёмбарро ба ҷо орам,-бо мушкилӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор