Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
-Охир ман ҳеҷ касам, ман як кӯчакам, ман як зарра хокам, як қатра обам.
Ростӣ, ин гуфтори пурмаънии модар ба магз-магзи қалбу рӯҳам таъсир кард, ки якбора сабаби гиряи ман гардиду беист ашки равон рухсораамро шуст. Баъди чанд нафас сукут гуфтам:
-Модари азиз, насиҳатам кунед, ки беҳтарин тӯҳфа бароям сухани ганҷбори шумост, ки ба Тоҷикистон бубарам.
-Каломи Худо ва охирин пайғомбари Худо аз ҳамаи каломҳои дунё беҳтар аст, -гӯён модар панҷаи дасти чапро кушоданд ва бо ишораи ангушти дасти рост аз ангушти кӯчаки дасти чап то ба нарангушт ишора карда, бо овози хаста ва агарчанде канда-канда бошад ҳам бурро суханашонро давом дода:
-Ислом..., магар аз ислом боз калимаи бузургтаре ҳаст? Бубинед ислом аз панҷ ҳуруф иборат аст ва ҳар як ҳарфи он як ҷаҳон мазмун дорад. Яъне Худоро — Офаридгори хешро сидқан бишносед, намозҳои фарзро дар вақташ ба по гузоред, ҳалолашро ҳалол, ҳаромашро ҳаром донед, гуфтаҳои Расулашро ба ҷо оред, дурӯг нагӯед ва дуздӣ накунед. Ҳама дастуроти Ислом дар ҳамин чанд кор хулоса мешавад ва кори сахте нест, ки барои инсон мушкилӣ орад.
Аз эшон дархост кардам, ки дар ҳаққи мардуми тоҷик ва сарвари кишвари Тоҷикистон дуои хайре кунанд.
-Албатта дуо мекунам, — бо тавозӯъ ва сари хам гуфтанд модар.
Исми Раисҷумҳурро пурсон шуданд, гуфтам:
-Эмомалӣ Раҳмон.
Эшон боз суол карданд:
-Раисҷумҳури шумо Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна эҳтироме ба дини мубини Ислом дорад?
-Хеле эътиқоди бузург доранд. 10-15 сол қабл китоби Қуръони маҷидро дар чопхонаи Эрон бо ҳуруфи форсӣ ва ҳам бо ҳуруфи сириллик, ки алъон мо тоҷикистониҳо бо ин ҳӯруф савод дорем, бо теъдоди зиёде чоп намуда, дастраси халқ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор