Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Ҳадича даромадем, модар дар ҷои нишаст рӯй ҷониби тиреза ғарқи тамошои манзараи берун буданд. Бо аввалин нигоҳ муштоқи рӯи ӯ шудам. Чун хеле содапӯш, рӯҳонӣ, оддӣ ва табиӣ буд, аз ӯ бӯи хуш ба машомам расид. Бӯи хуши ин модари мӯъмина ва мастура мисли бӯи хуши кӯдаке буд, ки ман ду шаб пеш аз он дар хоб ӯро аз ғарқ шудан наҷот дода будам. Дар паҳлӯи ӯ зани миёнсоле рост меистод, баъдтар фаҳмидам, ки он зан парастор будааст. Аз сабаби маризии модар ва хаста нашуданашон парасторзан маро ҳамагӣ 5 дақиқа барои сӯҳбат иҷозат дод.
Пас аз оғӯшу канор, бӯсидан ва зиёрат дар паҳлӯяшон нишастам. Модар бо як табассуми зебо гуфтанд:
-Хуш омадед духтарам, боз ҳам хуш омадед, мехоҳам баланд-баланд сухан гӯед, зеро ҳисси шунавоиям хеле суст аст.
Бо ҳаяҷон сухан оғоз кардам:
-Модари азиз, шуморо чун модари таърихӣ ва мусалмонони имрӯзаи Эрон мешиносам, ман аз Тоҷикистон маҳз барои зиёрати шумо омадам.
-Боз ҳам хуш омадед, -кафи дасти рости маро бо ду дасти фарбеҳаки чун пахта мулоим дошта истода, як оҳи чуқуре кашиданду бо табассум суханашонро давом доданд:
-Исматон чист духтарам?
-Исмам Наҷот.
-Чӣ исми зебо ва аҷоиб, - гуфтанд ба як саргармӣ, -исми сарвари кишвари мо ҳам Наҷот духтари азизам, аммо, -овозашон андак мад кашид, -иштибоҳ кардед, бале иштибоҳ, - аз ин ҷавоби модар, ки ин посухро мунтазир набудам, аввал хеле тарсидам, ки шояд ягон калимаи гуфторам нодуруст баромада бошад. Дуввум хеле аз ҳозирин ҳиҷолат кашидам аз "иштибоҳам".
Як лаҳза худамро гум кардам, чӣ гуфтанамро надонистам, вале эшони бузургвор ба рӯям боз бо табассум синчакорона нигоҳ карда, оромона ва чун таронае суханашонро идома доданд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор