Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
давлатҳои хориҷа ирсол шудааст, маҳфуз буд. Масҷид на он қадар калон буд. Дар ин масҷид баъд аз адои намози аср аз ходими масҷид ки бо исми Алӣ маъруф будааст, пурсон шудем, ки ҳамсари ҳазрати Имом дар қайди ҳаёт ҳастанд ё ...?
Посух дод, ки эшон зиндаанд вале мариз. Аз ӯ имкони қабулро доштан ва ё надоштани хонумро пурсидем. Оғои Алӣ бо исрор посух дод, ки бо ҳеҷ ваҷҳ дидори модар ба мо муяссар намешавад. Вақте, ки сабабашро ҷӯё шудем, боз маризии модарро сабаб пеш оварду дидори моро номақдур донист. Хеле ошуфта шудам, вале аз раъям нагаштам. Аз Тоҷикистон будани худро пеши Алӣ бозу ва хоҳиш кардам, ки иштиёқи зиёди дидори моро ба модар бирасонанд ва аз забони худи модар ба мо хабар биёваранд. Ӯ аз мо шумораи телефонамонро ҷӯё шуд ва ваъда кард, ки ба маҳзи дарёфтани иҷозаи эшон бо мо дар тамос хоҳад буд.
Се рӯз интизори хабари Алӣ будем. Аммо хабаре шунида нашуд. Маҷбур бо худи Алӣ тамос гирифтем, то таклифи моро рӯшан созад. Боз ҷавоби рад гирифтем.
Рӯзи чаҳорум — рӯзи душанбе буд. Тахминан соатҳои даҳ худи оғои Алӣ хушхабар расонид, ки соати 15:00 мо ба ҳузури модар ҳозир шавем. Ман аз хурсандӣ ҷои нишаст намеёфтам, аз шодӣ ғусл гирифтам, либоси нав ба бар кардам, ду рақъат намози шукрона ба ҷо овардам ва бо ҳамроҳии худам ду адад китоби «Нури одамият» чун туҳфаи ночизе ба ҳайси армугон гирифтам.
Дилафрӯз — ҷавонзани тоҷики колхозободӣ, ки донишҷӯи мадрасаи забонҳои форсӣ дар Теҳрон буд, бо мо ҳамсафар шуд.
Вақте ба манзили ҳазрати имом Ҳумайнӣ расидем, ману
Дилафрӯзро посбонзанҳо пешвоз гирифтанд. Оятуллоҳписрамро иҷозат надоданд. Тамоми ҷиҳози моро тафтиш
карданд, пас аз ин иҷозаи вуруд доданд. Моро ду нафар
ҷавонзанони посбон ҳамроҳӣ карда, то ба ҳузури модар
бурданд. Чун ба утоқи хоси меҳмонпазироии модар
даромадем, маро ҳаяҷоне пахш кард. Вақте ки ба утоқи хонуми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор