Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Ҳамагӣ 27 сол қабл қудрати Худовандро халқи ҷаҳон тавассути дастони тавонманди инқилобгарои шаҳир ҳазрати Оятуллоҳ Ҳумайнӣ (р) шоҳид гаштам. Кас ба ин деворҳои баланду бузург назар карда меандешад, ки соҳиби ин қаср нафари мағлубнопазир аст. Аммо сиёсати нобиҳирадона ва ғайриинсонии ӯ буд, ки худи Ризошоҳро ба шикаст мувоҷҷеҳ кард. Бори дигар ба фитрати бузурги сиёсатмадори асри бист Оятуллоҳ Ҳумайнӣ иқрорро қоил мешавам. Шояд 27 сол қабл ин қаср яке аз пуршуру пурнишот ва пурсадову баландҳангоматарин қасрҳои ҷаҳон бошад. Аммо имрӯз ба оромгоҳе шабоҳат дорад, ки сукути мурдагонро ба хотири кас меоварад. Чӣ хуш гуфта Аҳмади Ҷомӣ:
- Шаҳаншоҳе, ки дар қасраш ҳазорон посбоне дошт,
Пас аз мурдан, ту дар қабраш ду парҷан устухон бинӣ...
Ҳарчанд гаштугузори сайёҳон аҳён ба чашм мерасид, аммо бо он ҳама аз шуру валвалаи замони Ризошоҳ асаре набуд.
Баъд аз мушоҳидаи ин манзараи ҳуснангез дар дилам хоҳише бедор шуд, ки ман бояд ба зиёрати хонаи нафаре равам, ки соҳиби қудратманди ин қасрро шикаст додааст. Аз писарам пурсидам:
- Оё манзили Оятуллоҳ Ҳумайниро медонӣ? Аз пайвандону наводагони ин марди шариф касе ҳаст, ки ба зиёраташ шитобем? — айнан ин суол ҳангоме ки намози асрро адо мекардам ба сарам зада буд.
- Оре, - дар посух писарам чунин гуфт.
Пас аз нисфирӯзӣ такси гирифтему ба канораи шаҳри Теҳрон, кӯчаи Ҷаморон раҳ пеш гирифтем. Қаблан писарам нақл карда буд, ки дар қиёси қасри шоҳ хонаи Ҳумайнӣ басо хоксорона аст. Шабоҳат ба як хонаи деҳқони нодори ғарибест. Ин гуфтаи писарам боз хоҳиши зиёрати маро дучанд кард.
Масҷиди ҳазрати Имом ва осорхонаи Имом дар таҳхона ва дар саҳнаи ҳавлии манзили истиқоматиашон қарор дошт. Пеш аз ҳама аз осорхона дидан кардем. Дар осорхона либосҳои хоксорона, кафшҳо, салла, китобҳои нодир, дастхатҳои ҳазрати Имом ва мактубҳое, ки ба унвони Ҳумайнӣ аз дигар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор