Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Аммо "нозирин", ки аз ҳар тори мӯям ҷурм мекофтанду дар паи мусоиди пайтпой буданд, то ман ба хатогии хурдтарин роҳ диҳаму онҳо маро забонкӯтаҳ созанд, ба ин манзарҳои ноадолатӣ аз паси панҷа менигаристанд. Ин буд, ки иҷро нагаштани Протоколҳои сардори департаменти нақлиёти заминии Вазорат аз 17.02.2007 ва 21.02.2007 низ чун дуди сигор муаллақ дар ҳаво монд.
То ҳадде ҳарифонам худро шоҳи мутлақ ҳисоб карданд, ки бедодгарӣ ба арш қариб буд, ки рафта расид.
Сокинони деҳаи Сурх ва Нефтобод барои набудани микроавтобусҳо дар сайрхатҳояшон ба маркази ноҳия бевосита ба худи ман муроҷиат карданд, то ба эшон кӯмак расонам. Дар Сурх бошад умуман микроавтобус ва ё автобуси алоҳидае нест, ки мардуми ин марзро ба шаҳри Исфара оварад. Мардуми деҳаи Сурх маҷбур буданд, микроавтобус ва ё автобусҳое, ки аз самти Ворух ё Чоркӯҳ омадаро мунтазир шаванд. Агар ояд ҳам пури мусофирон буду ҷои нишаст умуман вуҷуд надошт. Мардуми деҳаи Нефтобод бошанд, умуман аз хизматрасонии микроавтобус бебаҳра буданд. Гӯё ҳанӯз арсаи шӯравӣ бошад, онҳо ҳамоно бо автобусҳои шалақи меросияи шӯравӣ равуо доштанд.
Дар асоси дархостҳои халқи деҳаи Сурх ва дархостномаи раиси хоҷагии деҳқонӣ ва раиси ҷамоати деҳаи Сурх низ ба унвони маъмурияти ҶДММ "Наҷот" ва Ҳукумати шаҳри Исфара, ки дар он эшон қотеъона хоҳиш карда буданд, ки хизматрасонии мусофиркашониро дар ин минтақа "Наҷот" ба роҳ гузорад, шоҳиди ин гуфтаҳост. Инчунин дар асоси дархости волидони толибилми литсейи №1, инчунин дар асоси шартномаи директори литсейи А.Азизов бо роҳбари ҶДММ "Наҷот" Исомадинова бояд нақлиёти ҶДММ "Наҷот" хонандагонро аз шаҳраки Нефтобод ба ш.Исфара ва пас аз дарс аз литсей ба шаҳраки Нефтобод кашонанд, то ҳанӯз дар бойгонии мо маҳфуз аст. Аммо он айёрони собиқадори гузаро тамоми маҳорати найрангбозиашонро истифода бурда, нагузоштанд, ки ҶДММ "Наҷот" дар ин ҷода хизмате ба мардум ва толибилмон кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор