Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Ҳар чӣ гаштам дар ин шаҳр, набуд аҳли дил,
Ки бидонад ғами дилтангиву танҳоии мо.
Чор мушт алайҳи як мушт
Ҳарифонам агар аз як роҳ мағлуб мешуданд, "тактикаи ҳуҷум"-ашонро аз дигар самт ба роҳ мемонданд, то латмаи дигаре ба мо расонанд. Ин аст, ки сайрҳати №11 ва 12 ба ҷамъияти "Наҷот"
мутааллиқ буду ҳанӯз ҳалли худро наёфта аз ҷониби ИНХ ва муассисаҳои нақлиётии шаҳри Исфара, ки аз рӯзи аввал ҷомаро чаппа пӯшида буданд, монеаҳои сунъӣ эҷод гардида буд.
Барои талоши ҳақиқат ва адолат боз маҷбур шудам дари тамоми мақомотро охурча намоям. Аввалан бо миёнҷигии ҳукумат ва бо ҳарифонам ин масъаларо хостам хушӣ ба хушӣ ҳал намоям. Аммо ин ду афрод чун ҳамеша муқобили ин ибтикорам баромаданд.
Ҳарчанд медонистанд, ки ин хатсайр тибқи тақсимот, ки худи эшон ризоят дода, имзо монда буданд, аз они "Наҷот" аст.
Дидам, ки бо ин афрод масъала бо роҳи мусолиҳатомез ҳалли худро намеёбад, маҷбур шудам ба мақомоти вилотиву ҷумҳурӣ рӯи ниёз ва додхоҳӣ оварам.
Аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сар карда, то прокуратураи генералӣ ва ба унвони раиси вилояту инспексияи нақлиётии вилояти Суғд муроҷиат намуда, ба таври хаттӣ ҳар ҷузъиёти қонуншикании ҳарифонамро мушаххас баён доштам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо