Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Ин буд, ки аз ҷумла баъди муроҷиати хаттии ман сардори инспекцияи нақлиёти вилояти Суғд Аминҷон Аминов ба унвони сардори ИНХ Эгамбердиев мактуб таҳти № 50 аз 2.03.2006 фиристод. Мехоҳам ба таври муъҷаз баъзе нуқтаҳои калидиашро биёварам. Аминов ба Эгамбердиев менависад:
«-Барои чӣ ҳуқуқи як корхонаи нақлиётӣ, нисбати дигараш поймол шуда истодааст?
-Дар асоси қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ тамдид кардани хатти сайри №11, 12 (ин хатсайрҳо тобеи ҶДММ "Наҷот" мебошад) салоҳияти комиссияи махсуси Идораи нақлиёти Хуҷанд бошад, сабаб чист, ки ин муаммо бо тезӣ ҳалли ниҳоии худро наёфт, ҳол он ки баҳснок будани ин масъала ба Шумо маълум буд.
Аз ин лиҳоз роҳбарияти Инспекцияи нақлиёти шӯъбаи вилояти Суғд аз Шумо бори дигар талаб менамояд, ки ваҷҳҳои пешниҳоди номбурда иҷро карда шавад...»
Мутаассифона на фақат ин муроҷиатнома, балки муроҷиату пешниҳод, амру талабҳои Инспекция таҳти рақамҳои 27 аз 30.01.06, №50 аз 2.03.2006, 19.02.2007 ва ғайра ба масъулинҳои ИНХ таъсир расонида натавонист. Ин ҳама муроҷиату дархостҳо рӯи коғазҳо зард шуданду касе ба ин кордор нест. Гӯё ҳеҷ кас надидаасту нашунидааст.
Яъне ҳар қадар тафтишу санҷишу муроҷиатномаҳо ба даргоҳи ИНХ-у муассисаҳои нақлиётии ноҳия зиёд мешуд, ҳамон қадар беэтиноиву холабеғамии масъулини ИНХ бештар мешуду тибқи зарбулмасали русии "Собака лает, караван идёт", ки шиори доимии онҳо аст, се ҷамъияти Шокиров фаъолият мекарданд.
Ахиран дигар илоҷе намонд. Даре намонд, ки кӯбем. Ягон мақомоте намонд, ки аз худхоҳии се ҷамъияту ИНХ интиқод карда бошад. Лиҳозо маҷбур шудам ба суди иқтисодии вилояти Суғд арзамро бурдам.
Аризаамро қабул карданд. Аммо ҳеҷ не, ки ба баррасии парванда оғоз намоянд. Парванда аз дасти ду судьяи суди иқтисадӣ гузашт, лекин мутаассифона ягон нафари онон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо