Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Гирякунон ба берун баромадам, ки дар роҳгарди қади кӯча Башорат Раҳимоваро дидам. Ба ӯ гирякунон вазъи ба амал омадаро пурра гуфтам. Ӯ маро ором карду аз нигоҳаш пайхас кардам, ки хеле аз ҳоли ман дар риққат аст. Ҳарчанд исрор кардам, маро ба хонааш даровард. Тасалло доду суханҳои гарм гуфт. Аз кори созмондиҳандагони ин дасиса хеле дар хашм шуд.
Ҳарфҳои ӯ ба дилам андак гармие ворид карду "астағфируллоҳ" гуфтам ва ба корхона омадам. Ҳанӯз умедамро наканда будам. Чашмам ба роҳи меҳмонон чор буд. Рӯз нима шуд. Баъди нисфирӯзӣ низ ҳарчанд тоқатам тоқ буд, роҳи меҳмононро мунтазир шудам. Қарибии намози аср буд, ки дигар сабрам намонд. Тавассути телефон аз Истроилова пурсидам, ки меҳмонон меоянд ё не. Ӯ бо ҳазор узрхоҳӣ ва хиҷолатзадагӣ ба ман иттилоъ дод, ки меҳмонон ба коргоҳи ман намеомадаанд.
Гӯшаки телефон ба хаёлам аз дастам афтид. Дигар ман аз худам ва ё дар худам набудам. Хашмам чунон боло гирифт, ки худро дошта натавониста бо тамоми вуҷудам фарёд зада гиря кардам. Найранги онҳо маро то ҳадде озор дода буд, ки ба гумонам ҳеч гоҳ ин гуна касе маро масхара додаву таҳқир накарда буд. Девонавор ба хонаи пазироӣ рафтаму тамоми омодагиҳои рӯи мизро, ки барои меҳмонон гузошта будам, титу парешон сохтам. Ҳазор нафрин хондам ба созмондиҳандагони ин найрангу дасиса.
Ин рӯз дар таърихи ҳаётам бадтарин хиҷолату дарде буд, ки ҳанӯз аз лавҳи хотирам зудуда намешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо