Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Чаро ӯ вақте Сайфиддинов доду валвала барпо кард, мисли мусичаи бегуноҳ хомӯш истод? Ба ҳамаи ин пурсишҳо посух ҳам як аст: ӯ муаллифи аслии ин сенария буд.
Далели инро ба хонандаи азиз рӯшан месозем. Пас аз се моҳ ҳама нақлиёти ҳар се ҷамъият дар як рӯз аз назорати «комиссияи муштараки босалоҳият» бо муваффақият гузаштаанд ва натиҷаи ҷамъбасти онро дар манзараи лаби дарёи назди Зумрадшоҳ бо дастурхони пур аз нозу неъмат ва кабобу шаробу шарбатҳо қайд кардаанд.
Ин ҳам дарди бахайр. Ана гуфтем тендери «қонунӣ»-ашон пушти сар шуд. Аммо тавре борҳо ишора кардам, мушкилии ман паси ҳам гӯё мисли вагони қатора бошад, пайи ҳам ба сарам меомад.
Аз сабаби гармии ҳавои тобистони соли 2005 гардиши микроавтобусҳо дар хатсайри Исфара-Хуҷанд, ки тавассути баландии шаҳраки КИМ иттифоқ меуфтод, муҳаррики микроавтобусҳои «ГАЗЕЛ» дар ҳавои гарм тоб наоварданд. Об тез-тез ҷӯшида, ҳаракати микроавтобусҳоро халалдор кард. Ба ин далел маҷбур будем, роҳи Исфара-Хуҷандро тавассути роҳи Нефтобод убур кунем. Барои ин пеш аз ҳама ҳуҷҷатгузорӣ зарур буд, яъне иҷозати хаттӣ аз раёсати ИНХ. Гумон кардам, барои ҳалли ин қазия агар равад як рӯз мӯҳлат масраф мегардад. Аммо дар ИНХ пешниҳоди маро шуниданду сад баҳона пеш оварданд. Сабабҳои баҳона овардани эшонро ман яқин медонам, ки дар самти Исфара-Нефтобод нақлиёти «МНА-35», «МНА-31», «Танзим» ва «Арсенал» ҳаракат мекарду гӯё боиси нимто шудани нони ронандагони ин ҷамъиятҳои мазкур мешавад. Аммо дар ИНХ ин далелро ошкор нагуфтанд. Баҳонаву таронаҳои зиёде хонданд, ки сарам ба дард омад. Аз рӯи даъвои ИНХ гӯё бо Нефтобод убур кардан, аз сабаби роҳи оҳан доштанаш хилофи тартибот будааст. Аммо чаро автобусҳои МНА-31 ва МНА-35 бемалол дар ин хатсайр-роҳи Нефтобод гардиш мекарданд, вале барои микроавтобусҳо масъулини вилоят сад монеаро пеш оварданд? Ин суол майнаамро гиҷ кард, ки ба ин пурсиш посухи амиқ ёфта

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо